Бахшҳо

Писари раиси дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ дар садамае ҷон бохтааст

Парвиз Кабиров-и сисола, писари Мизроб Кабиров, раҳбари дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон, дар садамае дар наздикии Театри ҷавонони шаҳри Душанбе ҷон бохтааст.

Як манбаъ дар Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ё ГАИ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин садама шоми 3 ноябр иттифоқ уфтода, се кушта бар ҷой гузоштааст. Вале, ба гуфтаи ӯ, рӯшан нест, писари Мизроб Кабиров оё дар сари фармони мошин буда, ё на. Манбаъ дар идома афзуд, ҷузъиёт ва иллати рух додани ин садамаи нақлиётиро гуфта наметавонад, чун шарҳи ин иттилоъ ба ӯҳдаи Вазорати умури дохилӣ вогузор шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Шавкат Саидов, сухангӯи Маҷлиси Миллӣ дар як тамоси телефонӣ хабари марги писари Мизроб Кабировро тасдиқ кард. Вале ӯ ҳам гуфт, “моро ба ҷаноза хабар карданд, аммо нагуфтанд, сабаби марги писари Кабиров чӣ будааст.” Парвиз Кабиров фориғуттаҳсили яке аз донишгоҳҳои Чин буда, дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, шӯъбаи консулӣ, кор мекард.

Худи Мизроб Кабиров се соли пеш ба мақоми раиси дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ интихоб шуд. Вай дар гузашта ба ҳайси муовини раҳбари Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон кор кардааст.
Мӯҳр
Mawlan
Инно лиллахи в инно илайхи рочеун. Худованд хамаи фавтидагонро рахмату магфират кунад.

Аз бародароне ки мошин меронанд хохишу илтимос шитоб накунанду коидахои харакати рохро риоя намоянд.

Барои мисол аз хатти стоп заррае убур накунед вакте ки чарогак сурх аст. пеш аз пешеход ва дар болои пешеход зинхор манъ накунед. феъли шайтонии гуруру такабурро якчо гузошта бо хурмат бошед нисбате хама, гарчанд ки мошини киммат дореду медонем ки сумдор хастеду тагадор.

худо рахмату махфираташ кунад ба сари хар банда меояд марг хушер бошед

Зиштхуй Душанбе
Инно лиллахи в инно илайхи рочеун. Худованд хамаи фавтидагонро рахмату магфират кунад. Аз шунидам сабаби садама ва марги ин чавонмардон бо суръати бенихоят баланд харакат кардани автомашина будааст, ки дар натича ронанда аз камтачрибаги ва суръати баланд аз ухдаи идораи автомашина набаромадааст. Агар аз руи суръати мукарраршуда харакат мекарданд, ба ин садама дучор намешуданд. Харчанд, ки дар такдирашон хамин будааст. Худои таъоло бо ин садама ба дигарон нишон дода истодааст, ки бо суръати баланд харакат карда худоро фаромуш накунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)