Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:45

"Барқи тоҷик" дар рӯзи интихобот лимитро лағв мекунад

5 ноябр 2013, 10:11

Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ба муносибати Рӯзи Сарқонун ва интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки 6-уми ноябр баргузор мегарданд, маҳдудияти барқ ё худ лимитро аз байн бардошта мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз соати 17:00-и рӯзи 5-уми ноябр то соати 11:00-и рӯзи 7-уми ноябр барқ ба мардуми Тоҷикистон бемаҳдудият таъмин хоҳад шуд. Ёдгорӣ афзуд, ки аз бегоҳи рӯзи 7-уми ноябр лимит дубора барқарор мешавад ва таъминоти барқ боз тибқи реҷаи муқарраршуда роҳандозӣ хоҳад шуд: “Аз соати 9-00 то 17-00 ва аз соати 22:00-и шаб то 5:00-и субҳ мардуми навоҳӣ барқ нахоҳанд гирифт.”

Ёдгорӣ таъкид намуд, ки ин иқдом ба хотири захираи об дар обанборҳои кишвар ва таъмини беҳтари мардум бо барқ дар фасли зимистон аст, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон имсол қаҳратун хоҳад буд.

Ёдгорӣ таъкид намуд, ки ин маҳдудият ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов дахл надорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чихел 9 субх дар Бохтар аз соати 8 алакай барк хомуш аст акалан фармона нагз ичро кунед

Чихел 9 субх дар бохтар алакай соати 8 барк хомуш аст акалан фармона нагз ичро кунед
Посух додан
  • Ман

  • 5 ноябр 2013 13:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хело гайрат кардед!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!