Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:27

Хадамоти алоқа дастрасӣ ба "Озодагон"-ро масдуд кард

5 ноябр 2013, 11:17

Як масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба шарти он ки номаш ифшо нашавад, гуфт, бо дастури ин ниҳод муваққатан дастрасӣ ба торнамои бахши тоҷикӣ (www.ozodagon.tj) ва русӣ (www.catoday.org)-и “Озодагон” қатъ шудааст. Мусоҳиби мо афзуд, қарор аст, соатҳои наздик дастрасӣ ба торнамои Ютюб (YouTube) ҳам маҳдуд гардад.

Шоми 4 ноябр баъзе аз ширкатҳои мухобиротӣ дастрасӣ ба торнамо ё сайти “Озодагон”-ро маҳдуд сохтанд ва то ҳол ин мушкил боқӣ мондааст. Аммо масъулони ширкатҳои мухобиротӣ дар посух ба суоли мо маҳдудияти дастрасӣ ба “Озодагон”-ро ё “мушкили фаннӣ” меномиданд ва ё бо “намедонем” иктифо мекарданд. Бархе аз хонандагони мо ҳам навиштаанд, дар ҳоли ҳозир танҳо тавассути филтршиканҳо метавонанд хабарҳои “Озодагон”-ро бихонанд. Агарчӣ хонандагони мо аз хориҷ мегӯянд, бидуни мушкил сайти “Озодагон”-ро мекушоянд.

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.


Хонандаи азиз, агар Шумо низ ҳангоми вуруд ба торнамои "Озодагон" мушкиле доред, лутфан аз филтршикан ё проксиҳо, аз ҷумла socialix.net истифода кунед.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алейкум варахматуллох))ман Билол аз шахраки Кулоб мехохам ки як суратеро хаминчо бимонам (гумшуда) агар имконият мешуд!!

Ассалому алейкум варахматуллох))ман Билол аз шахраки Кулоб мехохам ки як суратеро хаминчо бимонам (гумшуда) агар имконият мешуд!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!