Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:12

Овоздиҳии Эмомалӣ Раҳмон махфӣ мегузарад?

5 ноябр 2013, 14:51

Овоздиҳии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, дар интихоботи 6 ноябр бе ҳузури хабарнигорон доир хоҳад шуд. Манобеи “Озодагон” мегӯянд, ҳатто ин дафъа расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла шабакаҳои телевизионӣ, барои сабти ҷараёни овоздиҳии оқои Раҳмон даъват нашудаанд.

Бино бар иттилои як манбаъ дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи гузаштаи президент онҳо бо дастури махсус расонаҳо ва хабарнигоронро даъват мекарданд: “Аммо ин дафъа президент кай овоз медиҳад, дар куҷо овоз медиҳад ва соати чанд ва хабарнигорон даъват мешаванд ё на, мо ҳеч дастуре нагирифтаем. Барои мисол, дар интихоботи соли 2006 мо ҳамин корҳоро анҷом дода будем.”

Манбаъ мегӯяд, то ба ҳол сабабҳои аслии ироа нагардидани чунин дастур номаълум буда, ба ҳар сурат масъулони дастгоҳ то шоми 5 ноябр мунтазири гирифтани чунин як дастур хоҳанд нишаст. Дар интихоботҳои гузашта Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, маъмулан дар ҳавзаи раъйдиҳии 53-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт овоз дода, чанд рӯз қабл аз интихобот хабарнигорон ба он ҷо даъват мешуданд. Оқои Раҳмон ҳоло барои бори чорум аст, ки барои дарёфти курсии президентӣ талош мекунад. Вай дар се интихоботи гузаштаи президентӣ бар рақибонаш дастболо шуда, беш аз 20 сол боз зимоми қудратро дар даст дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Интихобкунанда

  • 5 ноябр 2013 16:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз бас Рахмон шарм медорад ки гайри конуни ва дуругаки президент мешавад барои хамин пинхони овоз медихад. хамину бас.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар халқ каме ақл дошта бошанд индафъа Эмомалиро интихоб намекунанд чунки аз руи ҳамин шуда мо муҳоҷир ҳастем дур аз падару модар ёру бародар дар хунуки яхел вақт дар таҳхонаҳо хоб мекунем чунки агар милисаҳо моро ёбанд депортатсия мекунанд!
Посух додан
  • tojik

  • 6 ноябр 2013 11:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
eee neki xabarnigoron devona shudesan.prezident chize xohad hamon meshavad-chunki u prezidenti tojikon ast.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!