"Дӯстписар"-и духтари президент кишварро тарк кард
Рустам Мадумаров, яке аз тоҷиктаборони Узбакистон, ки мағозаҳои “Nirvana” ба ӯ марбут мебошанду ҳамчун "дӯстписар"-и Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон шинохта мешавад, баъд аз оғози тафтишот алайҳи нуқтаҳои савдояш ин кишварро тарк кардааст.
Ба иттилои бахши узбакии радиои “Озодӣ”, дар Узбакистон аз моҳи сентябр инҷониб тафтишоти мағозаҳои Мадумаров, ки ба қавли манобеи муътамад “дӯстписар”-и Гулнора Каримова Узбакистон мебошад, оғоз шуда, дарҳои онҳо ба рӯи муштариён баста шудааст. Дар ин нуқтаҳои фурӯши “Nirvana” аслан маводи авдио-видеоӣ фурухта мешавад.
Тибқи иттилои манобеи муътамади “Озодагон” Рустам Мадумаров яке аз тоҷиктаборони Узбакистон ба шумор меравад, ки солҳои 90-ум, аниқтараш замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Душанберо бо нияти Тошканд тарк кардааст. Манбаъ мегӯяд, ба эҳтимоли қавӣ Мадумаров ҳамроҳ бо яке аз муҳофизони Гулнора Каримова ба Лондон “гурехта” бошад.
Ахиран худи хонум Каримова навореро низ дар саҳифаи твиттераш ба намоиш гузошт, ки аз раванди тафтишоти мағозаҳои “Nirvana” ва ҳамлаи қаҳрамон”-и навор қисса мекунад. Дар ин навор нафаре бидуни намоиши симо ва тағйири садои худ ба кормандони қудратии узбак "ҳамла" карда, мепурсад, ки кӣ онҳорро ба ин маркази савдо фиристодааст. Аксари бинандаҳо мегӯянд, ин “қаҳрамон”-и пасипардагӣ метавонад, танҳо духтари Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон бошад. Чун ба гуфтаи онҳо, танҳо шахси ба мисли ӯ аз оилаи рақамаи 1-и Узбакистон қудрати ингуна бархурд бо мақомоти қудратиро дорад.
Сару садоҳо атрофи ҳимоят шудани маркази савдое аз сӯи Каримова дар ҳолест, ки ахиран яку якбора чаҳор шабакаи телевизионӣ марбут ба ӯ аз фаъолият боз монда, инчунин бархе аз ширкатҳои вобаста ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон мавриди бозҷӯии мақомоти қудратии узбак қарор доранд. Хонум Каримова низ дар саҳифаҳои шахсияш дар Twitter ин овозаҳоро таъйид карда, иқдоми мақомоти қудрати кишварашро ғайриқонунӣ унвон кард ва раҳбарияти мақомоти амниятии Узбакистонро зери бори танқид қарор дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |