Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:49

Бухориев мегӯяд, барои демократия ва ободӣ овоз додааст

6 ноябр 2013, 08:08

Толиббек Бухориев, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби аграрӣ, дар ҳавзаи интихоботии рақами 30-и шаҳри Душанбе, ки 900 нафари қобили раъй дар он сабт шудаанд, овоз дод. Вай барои раъйдиҳӣ бо ҳамроҳии ҳамсараш омада буд ва гуфт, онҳо барои ободии Ватан, демократия ва миллат овоз додаанд.

Бухориев дар сӯҳбат бо хабарнигорон таъкид кард, ки барои пирӯзияш дар ин интихобот хушбин аст. “Ҳар касе, ки талош мекунад, ҳатман ба ҷое хоҳад расид”,-афзуд ӯ.

Номзади Ҳизби аграрӣ мегӯяд, дар сурати пирӯзияш дар ин интихобот ҳатман дар бахши кишоварзӣ ислоҳоти ҷиддиеро роҳандозӣ хоҳад кард. Ин барои бори дувум аст, ки номзади Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ ширкат мекунад. Дар интихоботи соли 2006 Амир Қароқулов, раҳбари ин ҳизб, ба ҳайси довталаби курсии президент вориди рақобат шуда, аммо натавониста буд раъйи кофии сокинонро ба даст орад. Ҳоло Қароқулов вакили Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!