Бахшҳо
06 ноя 2013 09:14Тоҷикистон / Сиёсат

Интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз нигоҳи расонаҳои хориҷӣ

Расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ ба мавзӯи интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки имрӯз, 6-уми ноябр ҷараён дорад, дахл карда, онро “маъракаи беинтихоб” арзёбӣ мекунанд, ки “сюрпризе”-ро ба бор нахоҳад овард.

“Washington Post”, рӯзномаи маъруфи амрикоӣ менависад, интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон танҳо ба ном интихобот аст ва аз он зикр кардааст, ки ҳатто ба ном “рақиб”-ҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз ӯ таърифу тавсиф карданд.

Радиои “Голос Россия” интихоботи президенти Тоҷикистонро як маъракаи беинтихоб гуфта, таъкид намудааст, ки дар ин кишвар барои мардуму номзадҳо “рӯзи хомӯшӣ”-ро ёдрас кардан зарур нест, чун аз аввал ҳамаи рақибҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ орому эҳтиёткору хомӯш буданд.

Сомонаи “Telegraf” ба мавзӯи интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистон дахл карда, таъкид мекунад, ки касе “сюрприз”-ро интизор нест. Ин расона менависад, интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, як маъракаи расмие қабул шудааст, ки барои тасвиби раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт соли оянда хидмат мекунад.

Бисёри расонаҳои хориҷӣ бо зикри он, ки номзади аслии мухолифин, Ойниҳол Бобоназарова, таҳти фишор аз сабқат барои курсии президентӣ канор монд, таъкид мекунад, Эмомалӣ Раҳмон, 20 сол боз зимоми қудратро дар ихтиёр дорад, ногузир ғолиби интихоботи имрӯза хоҳад буд.
Мӯҳр
А.
Ин интихобот не ин таинот аст холо ман дар учаскаи раками 3 и шохмансур будам дар унчо нозирхо аз халк хохиш мекунанд,ки ба Эмомали овоз диханд. Мегуянд ин шахси хуб аст дигараш намешад. Ва ман ошкоро конуншиканихои нозиронро дидам.

Имрузхам хама ба мухтарам Эмомали Рахмон овози худро дарег намедорад. Эмомали Рахмон арзанда шахс ба ин курсии президенти!

Эта пиявка не хуже всех других постсоветских властителей присосалась к власти, не оторвёшь. Если потеряет власть, его подвесят за что-нибудь.
Ин на камтар аз дигар ҳокимони пасошӯравӣ ба бадани ҳукумат чунон сахт часпидааст, ки канданаш ғайри имкон.

Jamshed8808 n.Vose
Sag jakidan megirad korvon bo rohash meravad! Dar amu USA va RUSSIA Intihobot shaffof nemguzarad. In safsataho foida nadorad. Man diruz shahsan dar Intihobot budam ahamiyat dodam hama bo tarafdorii Janobi Oli ovoz dodand. Kasera meguftan ki ba ki ovoz medihed Meguftand JANOBI OLI! Insholloh Piruz meshavad Janobi Oli. Agar Oiniholam nomzadiashro memond hej kas ba tarafdorii u ovoz namedod gair az du shinosashu hamsafonash. Man siyosatmadori asil chun Emomali Rahmon namebinam dar jomeai imruza. Zinda boshi Janobi Oli. In mardi Hudodod ast.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)