Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:37

Шоҳиён гуфт, то соати 10 ҳудуди 41 фоизи раъйдиҳандагон овоз доданд

6 ноябр 2013, 10:44

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) эълон кард, ки то соати даҳ дар 68 ҳавзаи интихоботӣ 1 миллиону 690 ҳазору 561 нафар овоз додаанд. Ин рақам, ба қавли Шоҳиён, ҳудуди 41 дарсад аз 4 миллиону 34 ҳазор афроди қобили райъ дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Оқои Шоҳиён дар идома гуфт, ҳузури раъйдиҳандагон дар қитъаҳои раъйдиҳӣ чашмрас буда, “он муташаккил идома дорад”. Вай афзуд, дар тӯли чор соати ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи президенти Тоҷикистон ягон арзу шикояте дар бораи қонуншиканиҳо ба Кумисюни марказии интихобот ворид нашудааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён дар муроҷиате ба сокинон ва масъулони ҳавзаҳои интихоботӣ гуфт, агар номи касе ба рӯйхати интихобкунандагон сабт нашудааст ва ё хабарнома то дасти овоздиҳанда нарасидааст, ӯ метавонад ба қитъаҳои раъйдиҳӣ омада худро сабтином кунад ва раъй диҳад. Кумисюни марказии интихобот тайи ҳар чаҳор соат аз натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ иттилоъ хоҳад дод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шахрванд

  • 6 ноябр 2013 11:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруг, дуруг.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо хамин интихоботи вокеи тамом дигар ракахо бад аз ин припискаи холи
Посух додан
  • фира

  • 6 ноябр 2013 11:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ай кучо фахмид ,ки чанд кас овоз додааст .озир пурсенаш мегуяд 40 фои3и овозо ба тарафдории ЧО аст)

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!