Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:13

Духтари президент мегӯяд, ҷои падарашро гирифтанӣ нест

6 ноябр 2013, 11:36

Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон мегӯяд, майли ба даст овардани мақоми падараш, яъне курсии раёсати ҷумҳури кишварашро надорад.

Хонум Каримова дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер дар посух ба суоли яке аз корбарон, ки “дар оянда худро кӣ дидан мехоҳад”, навиштааст: “Мехоҳам дар оянда рассом, аккос ва шоир шавам.” Ба гуфтаи духтари раисиҷумҳури Узбакистон, чанде қабл фарҳангистони Узбакистон бо беҳтарин маҷаллаҳои ҳунарии ҷаҳон аз чоп баромадааст, ки марбут ба ӯ мебошад.

Дар ҳамин ҳол яке аз корбарони дигари ин шабака аз Каримова пурсидааст: “Ҷодаталабии Шумо куҷо шуд, мо баргаштатонро ба саҳнаи сиёсат мунтазирем?” Аммо духтари президент посух додааст, “Беҳуда баргашти маро интизор нашавед, ман сиёсатмадор нестам”. Ӯ дар идома афзудааст, ки раисиҷумҳур шудан вазифаи мардон аст ва бояд мард президент бошад. Вале яке аз корбарон дар поёни ин изҳороти хонум Каримова навиштааст, “занҳои Шарқ аз мардон дида оқилтаранд ва бигзор Гулнора Каримова раҳбари Узбакистон ва Дарига, духтари Нурсултон Назарбоев раҳбари Қазоқистон интихоб шаванд. ”

Ин изҳороти духтари калони раисиҷумҳури Узбакистон дар ҳолест, ки ахиран фишор болои ӯ аз ҷониби мақомоти интизомии узбак рӯзафзун гаштааст. Инчунин ахиран яку якбора чаҳор шабакаи телевизионӣ марбут ба ӯ аз фаъолият боз монда, инчунин бархе аз ширкатҳои вобаста ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон мавриди бозҷӯии мақомоти қудратии узбак қарор доранд. Хонум Каримова низ дар саҳифаҳои шахсияш дар Twitter ин овозаҳоро таъйид карда, иқдоми мақомоти қудрати кишварашро ғайриқонунӣ унвон кард ва раҳбарияти мақомоти амниятии Узбакистонро зери бори танқид қарор дода буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!