Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:29

Мушоҳида: "Панҷ нафари аввалро хат зану охирашро мон"

6 ноябр 2013, 12:17

Хабарнигори “Озодагон”, ки раванди интихоботро дар нуқтаҳои овоздиҳии вилояти Хатлон мушоҳида мекунад, чанд камбудиро сабт намудааст.

Ба иттилои хабарнигори “Озодагон” дар нуқтаи овоздиҳӣ дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, муовини раиси комиссияи интихоботӣ дар муроҷиат ба интихобкунанда ба варақаи овоздиҳӣ ишора карда гуфт, “яктара ҳозир гир, баъди чанд дақиқа биё дигарашро имзо кун.” Ин масъули комиссияи интихоботӣ дар муроҷиат ба интихобкунанда гуфтааст, “панҷ нафари аввалро хат зан охирашро мон.”

Маврид ба зикр аст, ки дар варақаҳои интихоботӣ аз ҳама охир номи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ ва номзад аз Ҳизби халқӣ-демократӣ сабт шудааст.

Инчунин хабарнигори “Озодагон” дар қитъаи овоздиҳии рақами 1-и шаҳраки Дӯстӣ, мушоҳида кардааст, ки як нафар чанд варақаро пур карда, ба қӯтӣ партофтааст. Дар ин қитъа дар назди ғурфаи овоздиҳӣ як нафар истода, дар хитоб ба раъйдиҳандагон мегуфтааст, “Эмомалиро монед, дигарҳояшро хат занед.”

Ин дар ҳолест, ки нозирон аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил мегӯянд, то ҳол дар раванди интихобот тақаллубкориеро сабт накардаанд. Сергей Алексеев, нозир аз Асанблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки раванди интихоботи раёсати ҷумҳурро дар Душанбе назорат дорад, зимни ҷамъбасти натиҷаҳои назораташон дар соатҳои аввали интихобот таъкид намуд, ки ягон қонунвайронкунию тақаллубкориро сабт накардаанд: “Танҳо камбудӣ дар он аст, ки мардум тартиби раъйдиҳиро намедонанд. Зарур аст, ки як дастурамал нашр шавад.”

Айни ҳол интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон идома дошта, ба иттилои Комисюни марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар то соати 10:00 беш аз 40 дарсади интихобкунандагон овоз додаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам озодагон бояд шумо он конун вайрон кунихоро махфиёна ба навор мегирифтеду нишон медодед барои далел...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале 5нафари болоро хат зада 1тои охиринро монед! Эмомали Рахмон шахси арзандааст!!! Эмомали Рахмон Ба ПЕШШШШШШШШШШ!!!!!! Мо бо шумоем!
Посух додан
  • Вартикан

  • 6 ноябр 2013 20:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар чавоб: " майлаш хуб шудааст. Ман танхоиро дуст намедорам барои хамин он "одиночка"-ро хам хат мезанам. Ай чунум да чунут."
Посух додан
  • behruz

  • 6 ноябр 2013 22:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
behtarin wa rosttain raygiri dar dubai bud.Yak jahon tashakkur ba kormandoni konsulgari wa ba sarkonsul Abdurahmon Ayubov.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Zinda boshed oqoi Zafar!
Ozodagon behtarini behtarinhost!!!
Посух додан
  • бандаи Худо

  • 7 ноябр 2013 16:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин як шармандаги ва хиёнат аст!
Посух додан
  • Сулаймон

  • 8 ноябр 2013 08:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА РУСТАМ РУСТАМОВ
Бовар кун бародар ин хабарнигорхои Озодагон аз очаи Зика ва бика мегузаронанд. Ин навиштахояшон сад дар сад дуруг аст. Агар инхо навор ва чунин холатро медиданд хабара мерасонданд. Дар хамаи кор як камбуди хаст агар хурд хам ки бошад, ин качигархо аловба креосина зиёд кардан мегиранд. Дар кучо дидаед, ки аз интихобот хама рози бошад. Бахусус ракибе ки маглуб мешавад. Так что бо хамин масъалахои кучаку ночиз омода нашуда, дастачамъона корро сар кунем, ки Ватан обод шавад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!