Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:05

Қирғизистон: Марзбонони латукӯбшудаи тоҷик гунаҳгор буданд

6 ноябр 2013, 15:16

Қирғизистон қазияи лату кӯб шудани марзбонони тоҷик аз сӯи сокинони деҳаи “Қоқ-Тош”-и вилояти Бодкандро шарҳ дода, дар он ҷониби Тоҷикистонро абйдор кард.

Токон Мамедов, ноиби сарвазир ва вазири мудофиаю амнияти сарҳадоти Қирғизистон мегӯяд, дар ин ҳодиса марзбонони тоҷик гунаҳгоранд, ки ғайриқонунӣ марзи ин кишварро убур кардаанд. Ноиби сарвазири қирғиз аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ин бори аввал нест, марзбонони тоҷик ғайриқонуни вориди қаламрави ин кишвар мешаванд.

Ӯ ҳодисаи ахири вуруди марзбонони тоҷик ба маҳаллаи “Катта-Туз”-и вилояти Бодкандро ёдовар шуда, гуфтааст, Бишкеку Душанбе ба тавофуқ расида буданд, ки то хатти марз миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон аломатгузорӣ нашавад, касе ҳақ надорад, вориди хоки ин кишвар шавад.

Мамедов гуфтааст, дар қазияи лату кӯби марзбонони тоҷик аз сӯи сокинони деҳаи “Қоқ-Тош” афсарони хурд ва сардорони шуъбаи марзбонии ҷониби Тоҷикистон гунаҳгор мебошанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, онҳо дар рафти назорат болои зертобеонашон саҳлангорӣ менамоянд: “Онҳо дар иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аскарони худ сустӣ менамоянд.” Муовини сарвазири Қирғизистон изҳор намудааст, ки масоили марзӣ бисёр ҳассос буда, набояд ба ингуна бархурдҳо роҳ дода шавад.

Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз Вазорати умури дохилии Қирғизистон таъйид намуда буд, ки мошини ҳомили марзбонони тоҷик дар вилояти Бодканд ҳадафи ҳамлаи шаҳрвандони масти қирғиз қарор гирифтааст. Ба иттилои ин ниҳод дар деҳаи “Қоқ-Тош”-и вилояти Бодканд, ҳангоми қайди тӯйи арӯсӣ, меҳмонон миёни ҳамдигар ҷанг шуда, як тӯдаи онҳо ба мошине, ки ҳомили марзбонони тоҷик будааст, дарафтодаанд. Манбаъ гуфт, шаҳрвандони масти қирғиз марзбононро латукӯб намуда, шишаи мошини онҳоро шикастаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
офарин точик боз гунахгор, лох шуди гунахгор шудан мегири, кувваи мусаллах факат барои мардуми точикистон зури мекунанд, дар дигар чой калтак мехуранд. мо мутахид шавем вагарна замини мондагиашро мдихему чонамо халос. чоп кунед
Посух додан
  • Хочаи Аъло

  • 6 ноябр 2013 18:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То ба кай ин Мамедов худро "аз об хушк мебарорад"????Ин лату куби сархадбонони точик аз тарафи бадмастони киргрз бори аввал нест!!!Он чое,ки ман медонам ин мавзеъ хатти сархади надорад,пас чи гуна сархадбонхои мо коидаи марзбониро вайрон кардаанд??ИН дехахои точику киргиз дар инчо ба монанди тахтаи шохмот чойгир шудааст,ки ягон хатту сархад надорад,сархадбонхои киргиз хам аз дехахои гирду атрофи точик нишинхам убур мекунанд,ба ин гуфти Мамедов мо хам сархадбонхояшонро коидаи сархадиро вайрон карди гуфта мавриди латту куб карор дихем???

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!