Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:42

Заминҳои обӣ ба лалмӣ табдил шудаанд

2 август 2011, 04:17

Дар ноҳияи Ховалинг аз 2615-гектар замини шартан обӣ ба қайд гирифташуда, танҳо 1000-гектараш заминҳои обӣ будаанду  бас.


1615-гектари дигари замоне обӣ буда, дар ҳоли ҳозир беобанд. Иллати асосӣ, ин аз кор баромадани обкашҳои барқиву чоҳҳои амудӣ ва қубурҳои обгузар мебошад.

 

Ба гуфтаи райиси ноҳия, Қодир Валиев, соли гузашта масъулини ноҳия тавонистанд бо қувваи корй ва маблағҳои худй дар баъзе мавзеҳо садамаҳоро барқарор карда, зиёда аз 300-гектар заминҳоро аз нав обёрӣ намоянд. Ҷаноби райис зимни сӯҳбат бо хабаргузории «Озодагон» гуфт, «кишоварзони ноҳия дар якҷоягӣ бо масъулини соҳа аз ҳукумати маҳаллӣ, ҳамаи кӯшишро ба он равона карда истодаанд, то заминҳои обии беобмондаро аз сари нав барқарор намоянд». Дар ин маврид, ба гуфтаи манбаъ, аз 4-бунгоҳи обкаш, ё ба истилоҳ «насосная стансия», 2-тоаш ҳанўз аз соли 1998-ум аз фаъолият бозмондаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!