Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:01

Нозирони САҲА мегӯянд, интихоботи президентӣ “озод” набуд

7 ноябр 2013, 14:58

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мегӯянд, интихоботи президентии Тоҷикистонро, ки 6 ноябр баргузор гардид, “интихоботи озод” номидан бисёр мушкил аст.

Марнарета Кодерфелт, яке аз нозирон, рӯзи 7 ноябр дар нишасти хабарие, ки дар “Ҳаят Реҷенсӣ”-и Душанбе доир гардид, гуфт, “дар асл, чунин ибора вуҷуд надорад. Аммо вақте сухан сари интихоб миёни ин ё он номзад меравад, метавон гуфт, озодии интихоб дида намешуд.” Ба қавли ин нозири САҲА, “овоздиҳандагон дар бораи номзадҳо, ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон, маълумоти кофӣ надоштанд. Аз ҷониби дигар, ба онҳо аз ҷониби сохторҳои ҳукуматӣ ва ҳатто худи кумисюнҳои участкавии интихоботӣ фишор оварда мешуд.”

Кодерфелт дар идома гуфт, ҳарчанд телевизионҳои давлатии Тоҷикистн барои ҳамаи номзадҳо имкони истифода аз эфир дода буданд, “аммо дар амал таваҷҷуҳи ин телевизионҳо ба президенти кунунӣ – яке аз шаш номзадҳо ба давраи ояндаи президентӣ – беҳад зиёд буд”. Марнарета Кодерфелт дар бораи роҳ наёфтани номзади зан ба давраи асосии интихоботи президентии Тоҷикистон ҳам изҳори назар кард. Вай афзуд, “миёни номзадҳо танҳо мардон дида мешуданд ва ягон нафар зан набуд. Ягона номзад – Ойниҳол Бобоназарова – бо сабабҳои гуногун, ки аз он ҷумла муқобилати сохтори ҳукуматӣ номида мешавад, ба марҳилаи асосии интихобот роҳ наёфт”.

Ба гуруҳи нозирон дар хусуси ҷой доштани акси Эмомалӣ Раҳмон дар автобуси хидматии онҳо низ пурсида шуд. Элизабет Ҷагл аз гуруҳи нозирони САҲА, гуфт, “ин нақзи қонун аст. Мо аз ташкилкунандагон талаб кардем, ҳар акс ва маводи дигарро, ки ба ҷонибдории як нафар бошанд, аз гурӯҳи мо дур кунанд. Ин, албатта, қонунвайронкунии басо дағал мебошад.”

Парашива Бадеску, раҳбари ҳайати нозирони САҲА, гуфт, дар ҷараёни корҳои қаблазинтихоботӣ иштибоҳҳое низ ҷой дошт. “Интихобкунанда бояд дар бораи номзадҳо дар рӯзи интихобот ва дар макони интихобот не, балки пешакӣ маълумот гирад. Кор бо интихобкунандагон ва паҳн кардани маълумоти лозимӣ миёни аҳолӣ он қадар хуб набуд”,-афзуд ӯ.

Вале Элизабет Ҷагл дар баромади худ гуфт, дар маҷмӯъ интихобот хуб гузашт ва мушкилоти муҳиме дар он дида нашуд. “Қабл аз ҳама, бояд зикр кард, ки кори кумисюнҳои участкавии интихоботӣ аз интихоботи гузашта беҳтар буд. Ин дафъа, кулли сохтори кумисюнҳои интихоботӣ, ба хусус Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, аз интихоботи гузаштаи парлумонӣ ва президентӣ шаффофтар, ба хабаргузорон ва мардум наздиктар ва фаъолтар буд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шохин

  • 8 ноябр 2013 08:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Марнарета Кодерфелт, Парашива Бадеску, Элизабет Ҷагл бояд интихоботро бахои на он кадар хуб диханд. ЧУНКИ ОНХО ЧУНИН ИНТИХОБОТРО, КИ МАРДУМ ДАРВОКЕЪ ФАЪОЛ БУД ДАР ДАВЛАТХОЯШОН НАДИДААНД ВА ОНХО МУВАФФАКИЯТИ ЧУНИН ДАВЛАТХОИ ХУРДРО КАБУЛ НАДОРАНД. Инчунин онхо бо агентхояшон баъзе планхоро амали карда натавонистанд. Дар сатхи собик давлатхои СССР чунин интихоботе ки дар вокеъ мардум дар он фаъолона ширкат дошт мислаш дида нашудааст. Ва сад шукр, ки мо гояхои демократияро охиста - охиста амали карда истодаем.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!