Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:08

Лебедев: Дар интихобот камбудие, ки натиҷаро тағйир диҳад, наёфтем

7 ноябр 2013, 14:04

Сергей Лебедев, сардори нозирони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки ҷараёни интихоботи раисиҷумҳурро назорат мекарданд, имрӯз, 7-уми ноябр, зимни як нишаст изҳор дошт, ки камбуди назаррасеро сабт накардаанд ва натиҷаи ин интихобот баёнгари воқеии иродаю хоҳиши мардум аст.

Лебедев гуфт, баъзе камбудиҳо, аз қабили он, ки ду нафар ба ҳуҷраи овоздиҳӣ медаромаданд, ё як нафар талош мекард ба ҷои чанд кас овоз диҳад сабт шудаанд, вале тақаллубкорие ҷиддие, ки метавонист натиҷаи ин интихоботро тағйир диҳад ба қайд гирифта нашуд.

Лебедов афзуд, ки ҳамаи номзадҳо ба президентӣ, аз он, ки Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз ҲНИТ ва ислоҳотхоҳон ба сабқат роҳ наёфт, изҳори таассуф кардаанд: “Мутаассифона Бобоназарова натавонист ё нахост, саривақт теъдоди лозимии имзоҳоро ҷамъоварӣ кунад, гарчанде барои ин муҳлати иловагӣ дода шуда буд.”

Раиси ҳайати нозирони ИДМ интихоботи гузаштаи раисиҷумҳури Тоҷикистонро, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, бо дарёфти беш аз 86 дарсади овозҳо барандаи он шуд, демократӣ ва шаффоф хонда, таъкид намуд, ки ин баҳогузорияшон мунсифона аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!