Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:03

Рақибони розии Раҳмон аз натиҷаҳои интихоботи 6 ноябр

7 ноябр 2013, 15:23

Исмоил Талбаков, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, ба истиснои чанд камбуде, ки нозирони онҳо дар баъзе аз қитъаҳои раъйдиҳӣ сабт кардаанд, ба натиҷаи интихоботи 6 ноябр розист.

Оқои Талбаков бори дувум барои дарёфти курсии президентӣ вориди сабқат шуда, аммо бо шикаст аз бозӣ берун меояд. Дар интихоботи 6 ноябр, ба гуфтаи масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ), ин номзади коммунистҳо ҳамагӣ 5 дарсади раъйи сокинонро ба даст овардааст.

Ӯ рӯзи 7 ноябр дар сӯҳбат бо “Озодагон” аз чанд камбуде, ки гӯиё нозирони онҳо дар баъзе қитъаҳои овоздиҳӣ сабт кардаанд, ёдоварӣ намуда ва гуфт, “нозирон тариқи телефон аз ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Кӯлоб ва баъзан ҷойҳои дигар камбудҳоро ба мо гуфтанд. Лекин мо ба онҳо гуфтем, вобаста ба ин дар доираи қонун санад тартиб диҳанд.”

Олимҷон Бобоев, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, низ мегӯяд, дар интихоботи 6 ноябр баъзан камбудҳоро мушоҳида кардаанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, онҳо дар маҷмӯъ интихоботи президентиро шаффофу демократӣ медонанд. “Боз масъалаи то куҷо шаффоф гузаштани интихоботро нозирон баҳо хоҳанд дод”,-афзуд ӯ.

Абдуҳалим Ғаффоров, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби сотсиалист, ки дар интихобот 1,5 фоиз овоз гирифтааст, мегӯяд, ин интихобот дар муқоиса ба интихоботҳои гузашта шаффофтар гузашт. Мусоҳиби мо афзуд, ширкати шаҳрвандон дар интихобот хеле фаъолона буд ва нозирони онҳо ҳеч қонуншиканиеро сабт накаррдаанд. Ба гуфтаи Ғаффоров, “нозирони мо ба хулосае омаданд, ки интихобот дар доираи қонун сурат гирифтааст. Мисли солҳои пеш, ки як кас ба ҷои чанд кас овоз медод, чунин кор сурат нагирифтааст.”

Саидҷафар Исмонов, номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон ба мақоми президентӣ, низ мегӯяд, барояшон аз ҳама муҳим ин аст, ки интихобот дар як фазои ором гузаштааст. Номбурда афзуд, аз ин бохташон дар интихобот он қадар нигарон нестанд ва дар интихоботи оянда бо тактикаи дигар ба майдон мебароянд. “Нозирони мо қаблан гуфта буданд, ки ҳадди ақал 50% овоз мегирем, лекин мо 1 фоиз гирифтем, ки ин масъаларо як бори дигар меомӯзем. Дар ин интихобот Ҳизби демократ хеле муаррифӣ шуд, зеро ҳамон нафароне, ки номи Эмомалӣ Раҳмонро монданду дигарҳоро хат заданд, дар он ҷо ҳадди ақал диданд, ки Саидҷафар Исмонов, раиси Ҳизби демократ, номзад ба мақоми президентӣ низ вуҷуд дорад”,-афзуд ӯ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гиёси

  • 7 ноябр 2013 15:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаи номзадхоро барои иштирок карданашон дар ин маъракаи такдирсозу вокеъан хам таърихи барои халку миллати точик новабаста аз овозхои ба даст овардаашон самимона табрик мекунам. Зеро онхо тавонистанд халку миллати точикро дар рафти муррифии барномахои хизбхояшон дар атрофи як гоя, ин хам бошад сулху субботи комил, ободию осоиштагии ин сарзамини куханбунёд муттахид созанд. Итминони комил дорам, ки Президенти аз сари нав интихоб шуда Эмомали Рахмон, дар фаъолияти хафтсолаи худ, барномахои дигар хизбхои сиёси, таклифу дархостхои онхоро ба хотири пойдории ватани азиз, якпорчагию ягонагии халку миллатхои Точикистон бахусус дар сохаи ислохоти кадри, баргардонидани корхонахои хусусигардонидашудае, ки имрузхо танхо ба фоидаи баъзе Кориисматхо кору фаъолият доранд мавриди истифода карор хохад дод. Боки ба мардуми шарифи точик барори кор ва хамбастагии комилро таманно дорам. Аз эътирозхо, суханони сафсатаи Зоиров, Хакимов ва Пояндашоев харгиз дилхастаю дилозурда нашавед. Зеро онхо ки будани худро дар назди халку миллати точик нишон доданд. Ин сарзамини мост в амо онро мукаддас эхтиром ва нигоху бин хохем кард.
Посух додан
  • мубориз

  • 7 ноябр 2013 15:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
наход мард хамин пастиро ба худ эб бинад. инхо вичдон доранд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Модоме ки дар интихобот 1 фоиз овоз гирифтанд пас чигуна 5 фоиз имзо чам карданд? Кани хамон 5 фоизи гуфтаашон?
Посух додан
  • Карим

  • 7 ноябр 2013 19:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инхо вичдонашонро вакти тавалуд гум карданд бародар
Посух додан
  • Дарвеш

  • 7 ноябр 2013 20:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Гиёси': "То мард сухан нагуфта бошад, Айбу хунараш нухуфта бошад. Хар беша гумон набар, ки холист, Шояд, ки паланге хуфта бошад"
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акои Олимчон Бобоюф- шУМО гуфтед: "то куҷо шаффоф гузаштани интихоботро нозирон баҳо хоҳанд дод”. Бале нозирони байналмилал алакай бахои худро додаанд. шумо ташвиш накашед.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!