Бахшҳо

Масъулон, овози маро кӣ дуздид?

Нилуфари Карим, хабарнигори “Озодагон” бегоҳи 6-уми ноябр, рӯзи интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои овоздиҳӣ ба қитъаи овоздиҳии рақами 25-и ноҳияи Шоҳмансур ҳозир шуд, вале дарёфтааст, ки ба ҷои ӯ аллакай овоз додаанд.

Нилуфари Карим мегӯяд, “расо соати 19-40 дақиқа барои овоздиҳӣ ба нуқтаи овоздиҳии № 25 дар маҳаллаи Мирзобеки Душанбе, ки дар он сабти ном шудаам, ворид гардидам. Дар қитъа маро муаллимаи мактабе, ки 8 сол он ҷо таҳсил намуда будам, ҳамроҳ бо раиси маҳалламон “худатро интизор будем” гӯён пешвоз гирифтанд. Аммо маълум шуд, ки дар асл онҳо маро интизор набудаанд, чун дидам, ки ба ҷои ман аллакай овоз додаанд ва имзо гузоштаанд.

Муаллимаам дарҳол гуфт, худатро ғам надеҳ падарат саҳар омада, ба ҷои ту ҳам овоз дода буд. Ман дар ҳузурашон бо падарам телефонӣ суҳбат намудам, вале ӯ ба ҷои ман овоз доданро рад намуд.

Ин ҳолро дида, раиси маҳалла пурсид, “соат чанд аст, ки шумо ба овоздиҳӣ омадед?” Дар посух муаллими ҷавоне луқма партофт, ки “ баъзеҳо махсусан дер меоянд, то бубинанд ба ҷои онҳо ягон нафар овоз додааст ё не?” Вале банда аз он гурӯҳ нестам ва чунин ният ҳам надоштам. Чун аз соати 6-и субҳ то бегоҳ ба инъикоси раванди интихобот машғул будам, танҳо бегоҳ даст ёфтам, то ба овоздиҳӣ равам. Чун муътақид будам ҳар тоҷикистонӣ бояд новобаста аз мақому манзалат ва вазифа бояд масъулияти хешро аз рӯи инсоф ва виҷдон адо намуда, дар интихоби як раҳбар, ки 7 соли оянда тақдири миллату давлати точикро ба зимма мегирад, саҳм гузорад. Аммо тавре бармеояд, иштироки на ҳама дар ин маърака муҳим аст, чун дар нуқтаҳои овоздиҳӣ ҳастанд, нафароне, ки ба ҷои мо овоз медиҳанд.

Масалан дар нуқтаи овоздиҳии рақами 25 вақте дарёфтем, ки ба ҷои ман имзо гузоштаанд, муаллимон ва мудири мактаб аввал мегуфтанд, ки падарат ва баъдан таъкид карданд, ки амакбачаат ба ҷои ту овоз додааст.

Дар ҳоле, ки хуб медонанд, ҳар шаҳрванд бояд худаш овоз диҳад ва каси дигар ҳақ надорад, ба ҷои нафари дигар овоз диҳад. Хуллас дар охир дар муроҷиат ба масъулини қитъаи овоздиҳӣ гуфтам, имрӯз ҳуқуқи маро поймол кардед, аммо онҳо гӯиё ин чизи муқаррарӣ бошад, вокунише нишон надоданд. Ба ҷои ман овоз додаанд ва фарзан медонам, ки ба тарафдории кӣ овози маро додаанд. Аммо маро касе напурсид, ки оё розӣ ҳастам ё на?”
Мӯҳр
Нилуфар. Фикр мекунам аз пашша фил сохтан лозим нест. Бе овози 44 хазор нафар аъзои ХНИТ Президент президент шуду бо як овозат, ки мумкин мукобил бошад рол бозй намекунад.

Умар
Аксари муъаллимахои мактабхо хиёнат мекунанд дар вакти интихобот,

Тахлилгар
Хонум Каримова нигарон набошед онхо ба тарафдории номзади арзанда Сайдчаъфар Исмонов хатман овози шуморо додагистанд, магар У арзанда нест?!

Худут ай аваз нададанут зикай? Мегум ай аваз додани худуш чи хуласай ки ай овоз додани худут бошад. Озодагон чапуш ку набоша ганда хафа мешам.

шеърдӯздро дида будем, аммо овоздӯздро не))))

Аапи Нилуфар, шояд шумо баринхо хазорон буданд, ки ба чои онхо намояндагони хавзаи интихоботи худашон овоз доданд. Ана ин ба ном интихоботи шафофу демократи !

Чамик
Хай бад чи Наистоди якбора пагох мерафти овоздихи.

Як чиз маро бисёр озурда месозад. Бо кадом забон ва бо кадом ифтихорот ин намояндагони хизбхои "кисаги" мегуянд: мо аз ин интихоботи баргузоршуда бо ин фоизи овозхои минимали рози ва каноатмандем. Ачабо... оё Шумо дар дунё бо ин хел одамон боре вохурдаед, ки хам ракобат кунанд барои президент шудан ва хам рози бошанд барои шикаст хурдан. Инро ман бо камоли таасуф мегуям.

Вокеан Сухроб рост мегуяд. Як овози шумо ролеро намебозад. Барои хамин овози хазорхо чун шуморо дуздиданд. Хахахах

Талхак, охир онхо хизбхои кисагиянд ку. Максади аслии онхо харгиз мансаби президентиро сохиб шудан набуд, танхо авзои интихоботиро ба ном "рангоранг" кардан буду халос. Онхо аслан баро халли мушкилихои рузмарра ягон сахме хам надоштанд ва нахоханд дошт, халк онхоро намешиносад, пас ки ба онхо овоз дода тарафдори кунаду ва чаро онхо аз маглуб шуданашон норози шаванд?

Dev
Худуш адам,
Ushtura guftam gamza kun-poliza vajron kardu raft !!!

Лакай
Сӯфиев Муборакқадам. Ашна, ино хамая медузан, адами баваринокашон гапои худди товарищ Юшенкая дуздиду, кучо шикаят дори?

Dev
Сухроб,
Prezident be ovozi tamomi Torikiston niz prezident meshud , in anik bud. YAk kosales, laganbardori Rahmon rangi 10 dahmarda kor mekunad,tak chto az janobi prezidentshavhoi tojik purs, az Boboev, Buhoriev, Gafforov...voj bar holi davlatdori ! Vakte 1 tojika past zadand guftem "hej gap ne " , 1 tojika kushtand guftem "hej gap ne" holo tamomi tojik pastu Jumshud shud, kajf kun boboi Suhrub!

Нозир
Бе як овози тухам интихобот чамбаст шуд. Гам нахур 7 сол пас барвактар рав то тавони ки овоз дихи. Хоба ё кучагардира кам кун. Сухроб,

Беном
Дигар даво карданут фоида надора

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)