Бахшҳо

Ҳушдори Зоиров дар бораи давраи “мушкил” ва “охирин”-и Раҳмон

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) ва аз мухолифони ашаддии Эмомалӣ Раҳмон, мегӯяд, натоиҷи интихоботи президентии 6 ноябрро, ки ба гуфтаи ӯ бидуни рақобати ҷиддӣ сурат пазируфт, қабул надорад.

Вай гуфт, иттилои Кумисюни марказии интихобот дар бораи он ки 83,6 дарсади раъйдиҳандагон аз оқои Раҳмон тарафдорӣ кардаанд, ба изҳоротҳои қаблии раисиҷумҳур мухолифанд. “Эмомалӣ Раҳмон чанд бор баромад карда ва гуфта буд, 80-90 фоиз овоз гирифта наметавонад. Агар 70 фоизи овозҳоро ба ӯ медоданд, одамон розӣ мешуданд ва ба ҳақиқат ҳам наздиктар буд”,-таъкид кард Зоиров.

Раиси ҲСДТ ва собиқ мушовири Эмомалӣ Раҳмон, мегӯяд, ҳоло масъалаи аслӣ он аст, ки оқои Раҳмон ва ҷомеаи Тоҷикистон вориди давраи мушкилтарин шудаанд. “Барои он ки Тоҷикистон дар бӯҳрони низомӣ ва конститутсионӣ қарор дорад. Масъалаи дигар бӯҳрони кадрӣ ё дефитсити кадрист. Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кадрҳои будаашро ҳаматарафа ва чандкарата истифода кард, аммо ба натиҷае нарасид. Агар боз ба инҳо такя кунад, ба ҷое нахоҳад расид”,-гуфт Раҳматилло Зоиров

Вай афзуд, “ҳоло ҷомеа ба ислоҳот ниёз дорад. Ислоҳоти иқтисодиву конститутсионӣ. Агар Эмомалӣ Раҳмон ҳамин ислоҳотро ба амал бароварда натавонад, давраи ба коллапс расидан ё фурӯпошии Тоҷикистон мебошад.”

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар бораи кори нозирони байналмилалӣ ҳам изҳори назар кард ва гуфт, “кори нозиронро наметавон дуруст арзёбӣ кард. Иштироки нозирони байналмилалӣ яке аз шартҳои интихобот аст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки кори онҳо то куҷо самарабахш ва дуруст аст? Аксари нозирони САҲА ва Парлумони Аврупо дар бораи махсусиятҳои Тоҷикистон, ҷамъияту расму оини он ба таври бояду шояд хабар надоранд. Бинобар ин, онҳо дар рафти кори худ наметавонанд ҳама ҷиҳатҳои манфию мусбати интихоботро бинанд. Мушкили дигари онҳо забон аст: аксари корҳои зери парда бо забони тоҷикӣ ва бо лаҳҷаи маҳаллӣ анҷом меёбад, ки ин низ аз назару гӯши нозирон дур мемонад.”

Раҳматилло Зоиров ва ҳизби ӯ интихоботи президентии Тоҷикистонро дар пайи сабтином нашудани ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ислоҳотхоҳон, бойкот эълон карда буд.
Мӯҳр
Donishju
Гарибшо
Ман сад дар сад Рахматуло Зоировро чонибдори менамоям, гарчанде дар интихобот иштирок накардам аз нафарони иштироккарда шунидам.ки дар хавзахои интихоботи то ба чои 20 нафар блютенхоро пур карда ба чонибдории номзади арзандаашон овоз додаанд.Нисбати нозирони даъватшуда аз дивгар минтакахо гуфтаниям,ки онхо ба гайр аз нушидани чои кабуд ва ё "кахва" дигар коре надоштанд. Чуноне дар халк мегуянд: "Ба харе бор надори чи кор дори". Боки казоват аз шумост....

Чанобон ва хонумон, бародарон ва хохарон, падарону модарон!!! Аввалан, ташакури зиед ба сомонаи мухтарам, ки пулест миени назархо!!!! Рузхову солхо гузарандаанд, иншоаллох!!! Рахматулло Зоиров дар калби хар точики асил хамчун ислохотхох, озодихох ва хохишманди фардои равшани Точикистон боки хоханд монд!!! Дар асл у муборизи сиеси нест, у танхо ва танхо УСТОД аст, ки кушид то мо чашмхоро боз намоему худро шиносем!!!! У кушид, то бифахмонад, ки мо точикон арзанди зиндагии ОЗОДТАРУ асилтарем!!!! Вале, афсус...баъди солхо бахо хохем дод. Устоди гиромикадр!!! Бори дигар ташаккур барои точику точикистони буданатон!!! Худро эхтиет намоед, зеро барои насли оянда лозимед!!!!

Qurbon
Давраи фурупоши гуфтании Зоиров давраест,ки у низ ин давраро дер боз интизор ва мехохад.

Наби Ахмад
Ба тахиягарони матлаби мазкур
Аввалан ин ки ба дунё омадани чунин ашхос ин худ коллапси чомеа мебошад. Ин гуна ашхос нисбат ба муваффакияти фарзандии чонии худ хисси рашку хасад доранд. Ман хеч гох худамро хамшахри ва хамватани Зоиров тасаввур намекунам ва бовар надорам, ки дар байни чунин миллати боору номус чунин сиёхдилу тангназар ба камол бирасад.
Дуввум ин ки хукумати окои Рахмон хеч гох ба чунин мушовир ва инсони сиёхро аз сафед фарк намекардаги эхтиёч надошт ва хохиш ки уро мушовири Рахмон номбар накунед.
Саввум, ман ба нав фахмидам, ки Зоиров фолбин шудааст. Дар баробари тумор додан боз пешгуии кадри хам мекардааст. Агар ин кадар донишманду ояндадон бошад, чаро уро ягон нафар ба хайси кадр, ки касеро тарбия кардааст ё хамкори аз Зоиров тарбиягирифта эътироф намекунад. Шумо ба сайтхо даромада бо чашми сар бинед, ки ба изхоротхои Зоиров мардум чи менависанд. Дарвокеъ коллапс!
Баъдан ин ки танхо довари асоси вакт аст ва мо насиб бошад мебинем, ки он сангхои асосе ки окои Рахмон дар панч соли охир гузоштааш чи гуна самара дода Зоиров барин сиёхкорони далтангро шармсору сархам мекунад.
Ман хамаги як нафар омузгорам ва аз ХУДО хамин рузро интизорам, ки Зоиров изхорот дода мегуяд, ки ман нисбати ин абармарди побарчогузорандаи давлати точикон ва инсони поксиришт хато карда будаам. БА УМЕДИ ХУДО
ОЗОДАГОН ЧОП.

Ромиз
Офарин устод! ба худо дар рузи интихобот нозир хам буди Шахринаву Хисор ва душанбе гаштааст. дар нишасти САХА хам буди, оши Алимардонова хам диди, амо намедонам хурди? Зато дар таърих мон Зоирова дар пахлуи миллат Кабири ба Аврупо гурехт. Ки медонад шояд ончо берун аз чашм раъй додааст аз тарсаша...Офарин!!!!

Ҳамин Зоиров ва Исмонов ва дигарон кандидатҳо ба президенти таъриха хондагиан, хондаги на бошан шунидагиан, роҳбари давлат ҳеҷ маҳал олим набуд. Хай шудед яке аз шумоен президент баъд, пуштбони шумо кист? Халқи Ҳисор, Гарм ё Бадахшон? Ҳеҷ кас! Боо ҳамин халқи боло монанди соли 91 тарақо парақ карда медаван миёан якум шумо мегрезен президентҳо! Ғармиёш Ғарм мегрезан, Ванҷиҳо, Дарвозиҳо ва Помириҳо ба Бадахшон мегрезан бо ҳамин халқи бечораи Душанбе дар бало мондаги. Давлат дар дасти зур аст, зуран соҳиби давлатан.

Номус
И мардак як бесохибу бекас аст. На гами зану кудак дораю на гамси дигар. Факат барои ишкамаш медава. Аз узбако пул мегираю катта-катта мехара. Урток Зоиров, БАС КУНЕД игвоангезира.

вава
Номус,

Безану бефарзанд бошад хубтар аст. Рахмонови сердомоду серфарзанду серавлод хамаи вазифахоро ба худихош дод. Ба мардуми дигар хеч вазифа намонд. Рахмонов хам дар вакташ аз Узбакистон хеле истифода бурд. Ба сари хокимият узбакхо овардан уро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)