Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:47

Мунтахаби Тоҷикистон ба финали мусобиқоти Осиё-2014 роҳ ёфт

7 ноябр 2013, 22:49

Тими миллии Тоҷикистон оид ба футзал ба даври финалии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 роҳхат гирифт.

Асри имрӯз, 7-уми ноябр бозигарони тоҷик дар даври ниҳоии марҳилаи муқаддамотии ин мусобиқот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар Тошканд ҷараён дошт, бо ҳисоби 5:4 мунтахаби футзали Туркманистонро мағлуб кард.

Аз ин пеш, яккачини Тоҷикистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 8:4 дастболо шуда ва аммо аз дастаи Узбакистон бо ҳисоби 4:5 шикаст хӯрда, баъди пирӯзӣ бар Туркманистон бо шаш имтиёз ҷои дуюми ҷадвали мусобиқотро ба худ ихтисос дод. Мизбони сабқат-Узбакистон бо нуҳ хол дар мақоми аввал аст. Мунтахаби Қирғизистон бо як имтиёз сеюм шуд ва ҳамчунин ба даври финалӣ роҳхат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки марҳалаи ниҳоии мусобиқоти соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб бо пирӯзии мунтахаби Ҷопон анҷом ёфта буд.

Мусобиқаи Осиё оид ба футзал. Даври интихобӣ. Минтақаи Осиёи Марказӣ
Даври 1-ум
5-уми ноябр (сешанбе)


16:00 Қирғизистон – Тоҷикистон – 4:8
19:00 Узбакистон - Туркманистон – 10:1

Даври 2-юм
6-уми ноябр (чоршанбе)

16:00 Туркманистон – Қирғизистон – 2:2
19:00 Тоҷикистон – Узбакистон – 4:5

Даври 3-юм
7-уми ноябр (панҷшанбе)

16:00 Тоҷикистон – Туркманистон - 5:4
19:00 Узбакистон – Қирғизистон – 5:1.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!