Бахшҳо

Номаи Ислом Каримов ба Эмомалӣ Раҳмон

Пас аз эълони натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, ки раиси ҷумҳури кунуниро ғолиб хонд, унвонии Эмомалӣ Раҳмон аз номи бархе ҳамтоҳояш барқияи шодбошӣ расидааcт.

Бино ба иттилои торнамои расмии президенти Тоҷикистон, то ин лаҳзаҳо оқои Раҳмонро бо пирӯзӣ президентҳои Русия, Афғонистон, Узбакистон, Қазоқистон, Чин ва Белорус табрик гуфтаанд. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ва Владимир Путин, президенти Русия дар тамосҳои телефонӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихобот таҳният гуфта, президентҳои дигар барқияи шодбошӣ фиристодаанд.

Ислом Каримов, президенти Узбакистон дар номаи худ гуфтааст, мутмаин аст, ки фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар ин мансаб дар рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тошканду Душанбе, ки ба гуфтаи ӯ «дар асоси муштаракоти таърихӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми мутақобил ва бо назардошти манфиатҳои ду ҷониб бунёд ёфтаанд», саҳм хоҳад гузошт.

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон бошад, пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонро нишонаи боварии баланди мардуми Тоҷикистон ба ӯ ва накшаш дар роҳи якдилӣ ва саодатмандии мардум хондааст. «Боварӣ дорам, ки фаъолияти Шумо дар ин мансаби олӣ дар самти рушд ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистон саҳм хоҳад гузошт. Аминам, ки муносибатҳои бисёрҷонибаи миёни Қазоқистону Тоҷикистон, ки дар асоси анъана ва дӯстиву ҳусни эҳтироми мутақобил асос ёфтаанд, дар оянда низ ба манфиати халқҳои бародари ду кишвар рушду таҳким хоҳанд ёфт»,-омадааст дар идомаи номаи Назарбоев.

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳурии мардумии Чин гуфта, ки «натиҷаи интихоботи президентии Тоҷикистон баёнгари он аст, ки кулли мардуми тоҷик пуштибони сиёсати дохилӣ ва хориҷии Шумост». Дар барқияи Си Ҷинпин аз ҷумла гуфта мешавад: «Аминам, ки таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи таҳкими давлат Тоҷикистон ба дастовардҳои афзунтаре ноил мегардад. Имсол аввалин соли ба роҳ мондани ҳамориҳои стратегӣ миёни Чину Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, барои рушди муносибатҳои дуҷониба имконоти беназире пайдо гирдиданд. Ман омодаам, ки бо Шумо барои равнақи ҳамкориҳои муҳими стратегии Чину Тоҷикистон, ки ба нафъи кишвар ва халқҳоямон мебошанд, талош варзам».

Александр Лукашенко, президенти Белорус дар номаи табрикии худ унвонии Эмомалӣ Раҳмон навишта, ки «халқи тоҷик бори дигар ба Шумо ҳамчун ходими намоёни давлатӣ боварии худро изҳор намуда, ҷонибдорӣ аз сиёсати ҷорӣ намудаи Шуморо, ки ба таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ,баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон равона шудааст, тасдиқ кард. Бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди ҳамгироии байни кишварҳоямон, характери фаъоли ҳамкориҳои дуҷонибаро зикр менамоям ва боварӣ дорам, ки минбаъд дар рӯҳияи созанда ҳамкориҳои дуҷонибаамон рушд меёбанд».

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябр баргузор шуда, тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар, ки натиҷаҳои муқаддамотии онро эълон кард, Эмомалӣ Раҳмон бо касби беш аз 83 дар сади оро барои ҳафт соли дигар раиси ҷумҳур интихоб шуд.
Мӯҳр
Чаноби Оли галаба муборак. Локин ба инхел интихобот дар ягон чумхури нагузаштааст.!!!?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)