Бахшҳо

Кабирӣ интихоботи 6 ноябрро “бохти миллати тоҷик” номид

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки бо як сафари ғайрирасмӣ дар Туркия қарор дорад, интихоботи президентии 6 ноябрро “бохти воқеӣ барои миллати тоҷик” хонд.

Вай дар як тамос бо Ozodagon.com гуфт, “агар Эмомалӣ Раҳмон низ худро ҷузъи ин миллат медонад, пас, ӯ ҳам дар маҷмӯъ бохтааст”. Ба қавли оқои Кабирӣ, давраи оянда барои Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама душвор хоҳад шуд, “зеро даҳҳо масъалаи ҳалнашударо худ ба худаш аз давраҳои қаблӣ ба мерос гузошт, ҳол он ки тибқи ваъдааш он масоил кайҳо боз ҳалли худро меёфтанд. Даҳҳо масоили дигар изофа хоҳанд шуд, ки бузургтаринаш ҷавобгӯ будан ба ниёзҳои насли нав аст.”

Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар идомаи сӯҳбаташ бо Ozodagon.com афзуд, ҷаноби Раҳмон бояд дарк карда бошад, ки рақамҳои эълоншуда аз натиҷаҳои интихобот низ воқеӣ нестанд, “бахусус, фоизи ширкаткардагон дар интихобот. Намедонам, оё ӯ метавонад ин ҳама иштибоҳоти гузаштаро дар ин давра ислоҳ кунад, ё не. Оне, ки кишвар ба як тағйирот ниёз дорад, ба ҳама маълум аст ва ӯ бояд исбот кунад, ки тарафдори тағйирот дар сиёсат, иқтисод ва умуман услуби давлатдорист.”

Ба қавли Муҳиддин Кабирӣ, барои ин кори зиёде аз ӯ талаб намешавад, кофист, ки ислоҳоти решаиро баъд аз интихобот оғоз намояд: “Бояд бифаҳмад, ки ислоҳот танҳо ба нафъи ҷомеа ва миллат нест, ба худи ӯ низ лозим аст. Хуб мешуд, як бор консепсияи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳро меомӯхт, аз он метавонад барои ислоҳоти оянда идеяҳои зиёде пайдо намояд. Вале, боз ҳам агар аз рӯйи принсипи "ё ҳама чиз, ё ҳеч чиз" амал намояд, мушкилии худро бештар намудаасту халос.”

Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳизбаш гуфта буд, аз ширкат дар интихоботи президентӣ худдорӣ мекунад, як ҳафта пеш аз баргузории интихоботи президентӣ аввал ба Қатар ва баъдан ба Туркия рафт. Вай дар сӯҳбати пешинааш бо Ozodagon.com гуфта буд, зарурати онро намебинад, ки дар рӯзи интихобот ба Тоҷикистон биёяд.
Мӯҳр
Ромиз
Аку ки гурехта рафтааст аз дур гап мезанад зато дар таърих монд ки дар интихобот гурехти!!! Зоирова бубин дар интихобот хам нозир буд ва хам дар чашми Рахмон бойкот кард. Кабири дигар гуфтаву нагуфтаат маъни надорад. Бехатарш найо аз Туркия. Ончо тичората чахоник арда гард...

Озода
Тарсу бо сари баланд Гурехти боз аз дур зог барин кар кар кун, фишори иктисоди гуфта болои хешонам гуфта....аку кабутар шуда дар Стамбул гард....ХНИТ бояд ки очилан раисашро барканор кунад.

Ин вакили парулмон чаро доим дар сафар асту дар Туркия. Ин мардума худаш гул зада гаштааст

им мухидин кабири худ номзади мондааш да интихобот номзадии худаша монда натавониста гурехта ба Туркия рафт! Эмомали худ арзанда ба ин тахти президенти!

Баходур
Барои КАБИРУФ вори тарсухо Бедил гуфтааст.
---------------------------------------
Чашми ин номахрамон кур аст, ё пушидаанд.

ыывпыв
Умуман рохбари хизб набояд бизнесмен бошад, то ин ки дар назди хукумат забонкутоху муттахам набошад. Масалан Зоиров бизнесмен ки нест, часупрна гап мезанад. Кабири бошад, бояд аз рохбарии ХНИТ даст кашад. У аз хад зиед охистакору тарсу аст. Аз афташ хукумат нисбати у ягон компромат дорад.

Ромиз бояд шумо дар чустучуи Илму,саводи худ мебудед.

Хандидам
Чи тарсиди, ки дар точикистон истода аз интихобот инкод куни доираи тичоратат махдуд мешавад? Ба худат ахамият дех! Зайд саидро аз фаронса дошта оварданд))) Ба ин бояд икрор шуд, ки ШУМО ДИГАР "ГОЛОС" НА-ДО-РЕД!!! Ба хар хол мардум медонад ки РАХМОН АЗ ШУМО МИЛЛИОНХО БОР БЕХТАР АСТ. Бехуда "ЧОГ" НАРЗАНед!!!

х, акаи Кабири! Яке дар Душанбе мешуди "миллати точик" бурд мекард!? Худат ку аз аввал гурехти, дар паси зан пинхон шудиву чураи Зоировта фиреб доди, тарсиди аз 6 ноябру боз гурехти. Метавони наои, аз будану набудани ту ба "миллати точик" ягон фоида нест!

Хама зиДди кабири гап мезанен , охир мардак гурех т е не хаки гапа мезанад

Неким хами М Кабирира хойиде да . Мардак бо саводу бо маърифат аст бо ин хукумати хозира ранги хукумат дорон найранг боз шудан дар кор? Бо Зайд С чи кор кард хами Э Рахмон ? Мумкин аст бад аз савганди призидент мисли пешин бо бардуши худаш мегирад ин масъаларо бар худаш сабуку бар мардумаш вазнини?????

МУХИДИНИ КАБИРИ "МУЖИКАЙ"..... О ИН МАРДИ ХУБ БА МИСЛИ ЗОИР УМАРК ВА ДИГАР НОТАВОНБИНОНИ МИЛЛАТИ ТОЧИК ГАРНГ ВА КУР НЕСТ КИ НЕКРО АЗ БАД ФАРК НАКУНАД. ИЛМИ ИСЛОМИАШ ДАР САТХИ ОЛИ БУДА БАРОИ МАРДУМАШ ХИЗМАТ КАРДАН МЕХОХАД. РАФТОРАТ ДУРУСТ БАРОДАР 1.00 ЗОИРА ГОЛ ЗАДИ... БОЗИ ИДОМА ДОРАД...АГАР ХАМИН ХЕЛ БОЗИРО ИДОМА ДОДАН ГИРИ МО ХАМА МУХЛИСОНИ АШАДИИ ТУ МЕШАВЕМ-БА МИСЛИ МУХЛИСОНИ ДАСТАИ РАВШАН-КЛОБ.

Mavlon
Charo ba Kabiri inqadar badbin shuded? agar dar itikhobot meshud chi kor mekard? In korro na tanho Kabiri kuned

Мухтарам Кабири бохти миллати точик ин Шумоед... умеди мардумро барбод додед номзадиатонро нагузоштед хамчун тарсу ин бохти якум. Аз тарафдории Зоиров дастгири накардед, дар пушти парда хукумати имрузаро дастгири кардед, ин бохти дуюм. Пешрафти миллати точикро мехохам гуфта, тамоми фарзандхоятонро дар Туркия хононда истодаед дар пушти парда тухми пантуркизм кошта истодаед, ин бохти сеюм. Кабири ё мард бош ё дар хизмати мард бош!!! ё бо ошно бош ё бо бегона!!! илтимос дигар гап назан хомуш бош!!! миллати точик аз он руз метарсад, ки сардори давлат дар утоки кориаш бо забони точики гап мезадагихоро чарима кунад... Кабири манзарат мехохам мухлиси Шумоям ин гуна сардор мумкин Шумо шавед. Чун, ки Шуморо фахмида натавонистам.............

муаллим
фитна аз катл хам бадтар аст.гурехт гурехи ракибони хнит нишонгари бемории онхост.

точик
Кабири боракалло! Ин чучахои ххдт -ю фабрикаи чавобу демократхои дуругину сотсиалистхои бегонапараст мечаканд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)