Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:16

"Мақсад бе обрӯ кардани Амонуллои Ҳукуматулло аст"?

8 ноябр 2013, 11:47

Кумитаи иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон бо ирсоли мактубе унвонии рӯзномаи “ИмрӯзНюс” ба садамаи нақлиётие дахл кардаанд, ки тақрибан як моҳи қабл бо ширкати Расули Амонулло, писари Амонуллои Ҳукуматулло, раҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба вуқуъ пайваст.

Дар ин номаи сесаҳифагӣ, ки бо имзои Гулчеҳра Ҷалолова, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён ва наздики 15 нафари беному насаб навишта шудааст, ВАО дар тобиши сиёсӣ додани ин садама ва паҳн намудани маълумоти бардурӯғу асоси воқеӣ надошта муттаҳам мешавад. “Ҳамаи хабарҳои вобастаи он ҳодиса дурӯғгу беасос ва хаёли бофтаи муаллифон буда, мақсад танҳо ҳарчӣ бештар беобрӯ кардани Сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Амонуллои Ҳукуматулло асту халос”,-омадааст дар мактуб.

Дар идомаи нома гуфта мешавад, “биёед, таънаву маломат, кизбу дурӯғ ва ғаразҳои сиёсии худро як сӯ гузорему то ҳалли ниҳоии масъала “тутхӯрӣ” накунем. Зеро вайронкориву сияҳкорӣ ва бадном кардани шахсе кори чандон мушкил нест, вале то як корхонаи бақарзғӯтидаро пешрав, гӯшаи вайронаеро обод ва фарзанди некӯ ба камол расонидан бас ҷигарҳо хун мегардад”.

Назири Нусрат, корманди масъули “ИмрӯзНюс”ба “Озодагон” гуфт, қисмати бештари ин мактубро “таърифҳои болохонадори Амонуллои Ҳукуматулло ва дастовардҳои ӯ ташкил медиҳад”. Ба гуфтаи ӯ, дар ин нома ба наздикони қурбониёни садама изҳори ҳамдардӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки худи Амонуллои Ҳукуматулло, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар баёнияе, ки онро нашрияи "Нақлиёт"-и Вазорати нақлиёт чоп карда буд, унвонии пайвандони афроди дар садама кушташуда ҳеч ҳарфи тасаллияте назада буд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар иттилоияе хабар дод, ки “ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ (рақамаш 20-20 РТ 01) Расули Амонулло шаби 9-уми ноябр дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи “ВАЗ-21014” (рақамаш 80-36 ВВ 01) таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст”. Дар пайи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 Аловуддин Саидови 22-сола, Сурайё Исмоиловаи 32-сола ва Уктам Мансурови 26-сола (писари Мансур Саидов, раиси чойхонаи "Роҳат") ҷон бохтанд. Мусофирони дигар Мадина Аҳмедова, Азиза Рӯзиева ва Шокир Маҳкамов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол вобаста ба садамаи нақлиётии мазкур тафтишоти пешакӣ идома ёфта, барои дастрас намудан ва мавриди пурсиш қарор додани иштирокчии дигари садама Умар Шарифов чораҳои мушаххас андешида мешавад. Номи Умар Шарифов дар ин садама бори нахуст аз забони мақомот садо медиҳад. Нахуст мақомот дар ин садам Асрор Ҳукумови 21-сола, ки гуфта мешавад, ҷиняи Амонулло Ҳукуматулло будааст, муттаҳам карда буданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • аыфы

  • 8 ноябр 2013 12:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар Хукумов обру дорад? Дар назди ки? Дар назди чор муттахами корхонаи рохи охан. Агар мачаллахо ин масъларо намебардоштанд, Хукумов фарзандашро дар Германия аз чазо пинхон мекард. На барои беобру кардани Хукумов, балки барои баркарории адолат масъала дар мачаллахо бардошта шуд.
Посух додан
  • Rustam

  • 8 ноябр 2013 13:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гулчеҳра Ҷалолова, гап дар сари адолат меравад, танхо АДОЛАТ !, Чинояткор хатман бояд барои марги 3 нафар чавон чазои сазовор бинад, ин аст сабаби асосии вокуниш аз чониби расонахои иттилооти, на ин ки гаразхои сиеси. Агар дар байни фавтидагон яке фарзанди шумо мешуд хамин мактубатонро харгиз наменавиштед, балки хаку адолатро талаб менамудед. Шуморо хам фахмидан мумкин аст, дар хамон корхонае фаъолият доред, ки раисаш падари шахсест, ки гунахкори асосии садама хисоб меебад ва шумо мачбур хастед, ки чонибдориаш чунин мактуб нависед вагарна шояд барои бегайратиатон раис аз коратон сабукдуш намояд. :(
Посух додан
  • ТОЧИК

  • 8 ноябр 2013 14:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХУДОЁ,ТО КАЙ МАН КОСАЛЕСИ ВА ЛАГАНДБАРДОРИ МЕКУНАМ!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба апаи Гулчехра ва илтимос ба як саволи ман чавоб гуед-- агар худо нахоста ба чои хамон чавонмардони гурамарг фарзанди Шумо мебуд чи кор мекардед. ба хотири мансабатон вичдонро фаромуш насозед. хама медонад ки садама бо айби писари Раиси Шумо рух додааст. агар Раисат хуни инсони дошта бошад худаш писараша бурда дар махбас чо кунад, ки у тарбият гирад чунки маълум мешавад, ки гапи падар ба писар ягон таъсире надоштааст.
Гар писар боши писарчон бар падар рахмат биёр,
На-ки за феъли бадат лаънат шавад бар вай катор.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи гуна тобиши сиеси? чи гуна маълумоти бардуруг? Апаи Гулчехра Шумо акл дар сар доред чи гуфта истодаед е ин ки ин номаро тахти фишор навистед. Боз шарм надошта бачаи неку ба воя расондан мегуед? Сухан дар бораи кадом бачаш меравад? Дар бораи бачаеш ки кило кило маводи мухаддирро ба шимол мебурд ва дар фуруши маводи мухадир гунахкор мешуд е ин ки дар бораи бачаи ба балогат нарасидаеш ки дар даст тапонча дар дахануш калян шабхо соати 2 - шаб ба мусобикаи мошиндавони мебарояд. Оо мардум надонад мо чуроошу хамсояхошу хамсинфонаш медонем ку Расул чхели бачаай. Бо устодон чхел рафтор дорад дар вакти дарсо дар кучоо ба чи корхо машгул аст. Шарм намекунен ай хами косалеситон?
Посух додан
  • шариф

  • 8 ноябр 2013 17:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар Хукумов заррае аз одаму одамгари ва шарму хаё медошт ин кадар такабури намекард, акалан ба чабрдидагони садама изхори хамдарди мекард.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Амонулло Хукумов дар вакташ обуру надошт...
Посух додан
  • bijan

  • 8 ноябр 2013 18:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ШУмо гуед , ки ин мурдагихо хам дуруг буд, ! Инхо се каса кушта ба фикрашон чазоям нгиран ва боз хеч кас гапаша назанад , ки ин боиси паст шудани обруи у мегардад . !!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар бораи кадом обру ҳарф зада мешавад? Солҳои сол давлати ҳамсоя мусофирони роҳи оҳани Тоҷикистонро азият медиҳанд. Вале боре ҳам нашунидаем, ки Ҳукумов аз он мусофирон пуштибонӣ карда, нисбат ба давлати ҳамсоя изҳороте пахш карда бошад. Магар Ҳукумов фарзанди "неку баркамол расондааст"? Ҳамон фарзанде, ки дар даст туфангча ва дар даҳон рӯдаи банг? Ҳамон 16 солае, ки шабҳоро дар пойгаи мошин рӯз мекунаду рӯзона хоб? Пас ҷавобгарӣ тибқи "Қонун дар бораи масъулияти падару модар" куҷо мешавад? Ёинки қонунҳо фақат барои мардуми қаторӣ нависта мешаванд?
Сониян, иттифоқи касабаи ташкилот ба раҳбарият дахл надорад. Он ташкилоти мустақил аст ва бояд ҳуқуқи коргарони аъзои иттифоқро дар муқобили раҳбарият ҳимоят бикунад. Наинки дар ғами иззату обрӯи раҳбар бошад. Бо изҳороти пуч мардумро гӯл назанед ва худро беобрӯ накунед. Мо медонем "профсоюз" чист.
Посух додан
  • Jimi

  • 9 ноябр 2013 18:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рекорди гиннес о шуд дар тарихи башар бори аввал ит касаба пуштии кордихандаро мегиранд боз ага точики шуд гуянд кахр мекунем
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АМОНУЛО ФАРОМУШ КАРДИ КАЛУШФУРУШИТА А.
ХАМА МЕДОНАНД КУ ТУ КИ ХАСТИ? ХЕШУ ТАБОРБОЗИТОН НАМЕШУД ТУ КИМ КАЙ ДАР МАХКАМА БО ЗАНУ ФАРЗАНДОТ БУДИ.
озодагон илтимос чоп кун

Чанобро мардуми точик дуст медоранд, лекин обу руи уро ту ва фарзандонат ва фарзадони худи Чаноб мерезонед. санги уро шумо паст кардаед. чи намерасд ба ту ба фарзандат ва ба фарзандону домодхо ва хешу акрабои чаноб а? Чаноби Оли илтимос як бор чамъ карда фахмонед ва аз тамоми корхои давлати озод кунед илтимос

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!