Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:16

Кумитаи дин: Чор зоири тоҷик аз ҳаҷ барнагаштанд

8 ноябр 2013, 13:12

Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон бо эълони анҷоми маъракаи “Ҳаҷ-2013” мегӯяд, имсол чор зоири тоҷик дар замини муқаддас фавтиданд.

Ин ниҳод бо баёни ҳамдардӣ ба наздикони зоирине, ки дар Арабистони Саудӣ фавтидаанд, ном, соли таваллуд ва рӯзи фавташонро зикр кардааст, ки инҳоянд: “Асоева Садбарг, соли таваллудаш 1965, ноҳияи Ҳисор, деҳаи Ойбош ҷамоати деҳоти Навобод рўзи фавт 24.09.2013. Одинаев Талбак, соли таваллудаш 1940, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кўчаи Низомии Ганҷавӣ, рўзи фавт 06.10.2013. Кулматов Абдувалӣ, соли таваллудаш 1942, ноҳияи Мастчоҳ, деҳаи Навобод, колхози ба номи К.Маркс, рўзи фавт 07.10.2013. Ашуров Акаҷон, соли таваллудаш 1939, аз ноҳияи Хуросон деҳаи Ҳилолӣ, ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, рўзи фавт 26.10.2013.”

Дар доираи маъракаи “Ҳаҷ-2013” охирин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 3-юми ноябр баргаштанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
вой бар ахволи хачи мардуми точику вой бар масъулони хач агар шумо медидед ки имсол хач чигуна сипари шуд хачатонро аз сари нав мекардед.То кай Кумитаи дин дуруг мегуфта бошад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз нохияи ховалинг як нафари дигар фавтидабуд вайро фаромуш кардед

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!