Бахшҳо
08 ноя 2013 14:46Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Дахли дигарбораи Абдулқодирзода ба мавзӯи "Ошӯро"

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бори дигар ба мавзӯи Ошӯро дахл карда, аз сокинони кишвар даъват намуд, аз мотам ва хурсандӣ дар ин рӯз худдорӣ кунанд. Рӯзи Ошӯро, ки дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам аз он таҷлил карда мешавад, аз сӯи пайравони бархе аз мазоҳиб рӯзи мотам эълон шудааст.

Абдулқодирзода, ки рӯзи 8 ноябр дар масҷиди марказии Душанбе дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, "бар асоси мазҳаби Имом Абуҳанифа ва аҳли суннат ва ҷамоат дар рӯзҳои 9 ва 10 моҳи муҳаррам ҳеч гуна мотамгирию хушҳолӣ ва худзанию гиребончоккунӣ нест". Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз амалкарди ин гуна пайравони мазоҳиб изҳори таассуф кард, ки онҳо дар ин рӯз худро задаву аъзои баданашонро хуншор мекунанд.

Ӯ таъкид кард, чоку захмӣ кардани бадани худ дар ин рӯз як сӯиқасд ба ҷони хеш ё мисли харошидан ва маҷруҳ кардани бадани шахси дигар аст ва ин амал аз нигоҳи Ислом қатъиян ҳаром мебошад: “Касе ҳақ надорад бигӯяд, ки ҷони ман аст, чӣ коре хоҳам мекунам. Чун Худованд ин ҷонро дар бадани инсон амонат қарор додааст, ки ин кор боиси хиёнат ба амонат мешавад.”

Ба гуфтаи Абдулқодирзода, дар рӯзи Ошӯро баъзан ашхос ба бархе аз гузаштагон лаънату дашном мефиристанд, ки ин амалро набояд кард: “Мову Шуморо Худованд аз гузаштагон намепурсад, ҳар касро барои кори анҷом додааш пурсон мекунад. Шумо лаънат мегӯед ба гузаштагон, ки онҳо имони қавӣ доранд, яъне сипари қавӣ ва дар натиҷа лаънати моро бозпас мефиристад.” Инчунин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода подош ва савоби рӯза доштан дар рӯзҳои 9 ва 10 моҳи муҳаррамро зикр намуда, афзуд, рӯзадорӣ дар ин рӯзҳо аз паёмбар (с) ба мо мерос мондааст: "Агар шахсе рӯза дошт, савобро ноил шудааст ва оне намегирад гунаҳгор ё осӣ намешавад."

Дахли дигарбораи Абдулқодирзода ба мавзӯи "Ошӯро" Ин даъвати Абдулқодирзода дар ҳолест, ки ду соли қабл байни ӯ ва хонаводаи Тураҷонзодаҳо дар мавриди Ошӯро як баҳси густурда ба миён омад, ки то ба марҳилаи додгоҳӣ расид. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабри соли 2011 дар баёнияе аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдомро шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд. Сипас, оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибори онҳо аз болои райиси Шӯрои уламо ба додгоҳ шикоят бурданд, аммо додгоҳ даъвои онҳоро қонеъ накард. Ҳамзамон дар пайи ин қазия фаъолияти масҷиди “Муҳаммадия”, ки ба оилаи бародарон Тураҷонзодаҳо марбут аст, ҳамчун масҷиди ҷомеъ мамнуъ гардида, ҳоло ба ҳайси масиҷиди панҷвақта фаъолият дорад.

"Ошӯро" аксаран аз ҷониби шиамазҳабҳо дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам ба хотири ёдбуди қатли Имом Ҳусайн, набераи ҳазрати Муҳаммад (с) ва писари ҳазрати Алӣ (р) дар дашти Қарбало қайд карда мешавад. Дар ин рӯз бархе аз пайравони ин мазҳаб бо абзори оҳанин ба бадани худ зада, тани хешро хуншор менамоянд, ки баъзан мунҷар ба ҳалокати бархе аз ин ашхос низ мешавад. Моҳи муҳаррам тибқи солшумории мелодӣ рӯзи 4-уми ноябр фаро расид ва интизор меравад, маросими Ошӯро рӯзи нуҳуми моҳи муҳаррам баргузор гардад.
Мӯҳр
Сангин
Ошуро "чашн" нест, балки як маросими мазхабист ки ба шаходати набераи Расули гироми Имом Хусайн ба дасти сипохиёни Язид дар Карбало ихтисос дорад. Барои хамин аз он наметавон ба истилох"чашн" ёд кард. Зеро калимаи "чашн"бештар ба маънои тачлил аз идхо ва аёмхои хурсандист.
Озод бош Озодагон бо бародари гироми Зафар Суфи

Пайгамбари Худо мефармояд: ман ло ярхам ло юрхам (من لا یرحم لا یرحم) гиря кардан рахм меорад вакте ки Иброхим писари Пайгамбар(с) аз дунё гузашт он хазрат гиря кард ва ин масъала дар ривоятхои мо ахли суннат вал чамоа вучуд дорад. чихел мешавад ки хазрати Пайгамбар гулуи Емом Хусен (рз) ро мебусид ва аз шаходати у хабар медод ва гиря мекард аммо мо гиря накунем? Хусен(рз) сарвари шахидон аст! он хазрат ро язиди русиёх ва бакавли Чалолиддин Суюти язиди шаробхор уро кушт! имруз Муфти мегуянд ки на шоди кунеду на мотам. ман аз чаноби Муфти савол дорам: худои нокарда аагар фарзандат аз дунё равад вокен ту гиря ва мотам намекуни ва хомуш мемони? агар хомуш мони ин кори беаклон ва бехирадон аст аммо агар гиря куни пас оё фарзанди ту назди ту болотар аст ё Емом Хусен (рз)? ман бовари дорам Муфтии бузургвори мо тахти афкори салафият вокеъ шудаства хохиш мекунам аз мулокоти бо салафихо бипархезед. бале мо мисли шиахо танамон ро барои ошуро хун намекунем вале хатман гиря мекунем ва касе агар гиряро хам сазовор надорад бидонад ки у бо Мухаммаду оли Мухаммад (с) мушкил дорад

mafkurai mardum allakay pesh raftast, digar rohhoro paydo kardand to in ruzro yod kunand, na jashn bigirand.. https://news.bbc.co.uk/1/hi/7820746.stm

muhim khunrezi nest, muhim mano va dars az on voqea omukhtan hast va az arzishhoe ki naberai dustdoshtai Rasul dosht payravi boyad kard. Az khatogie ki dar tarikh shud, boyad dars bigirem, ammo voqeat afsus digar ast.

oзод
мо бо раиси шуроем.

Бародар сунатуло!
Агар шиа боши озодона бигу то фахмем туро чаро ки шумо маъзур мебошед. Шумо Язид ро гунахгор насозед чаро ки ин кор бо фармони Язид нашуда буд. Тарих хон!!!!
Дар асл ин аст ки шиахо худро мезананд ба хотири ки Хусайнро хаминхо куштан ба хотири хамин пушаймони мекунанду худро хун мекунанд. шояд эмон биёранду худо бахшашон.

Ахли суннат намехохад ихтилофот ро боз аз сари нав зинда кунад. чизе гузашт худо худаш хал мекунад рузи киёмат.
Агар аз Язид бадат меояд пас аз Муовия хам бадат меояд ин яъне аз котиби вахе ро кабул надори ин яъне пас Куронро кабул надори. инро бояд равшан карда гуй то хама донад ва хохиш дораи номатро дигар кун сунатуло не Сунэл бехтар аст

rambo
oзод,

Бо раиси "шуро" ё "ошуро"?

Абдулло
Суннатуло ту аз пеши худ гап назан.

далер
ин муфти ба фикрам дигар кор надорад ба ошуро часпидааст дия

хонанда
Язд!
Шумо бори дигар китби таърихро варак занед.
1.Ин саргузашт дар давраи хилофати Язид руй дод. аз руи логика чавобгари асоси Язид хаст.
2. Суханронии духтари Имом-Хусайнро дар назди Язид дарёфт карда хонед.
Пайларпайиро дигар истифода набаред! Чавоби ман:
Имом Хусайн- Али(а)- РасулиАкрам(С)-Куръон-Ислом

asad
abd
in saidmukaram boz sar kard soli guzashta yak masjidro bast imsolniz mekhohad miyoni mardum fitna andozad dar yagonjoi Tojikiston in khel khunrezondan nabud va nameboshad

Салом ба ҳамаи бародаранои ҳамватан
Аввалаш тақдири худованди вале сониян дар шаҳодати ҳазрати Ҳусайн
гунаҳгор асоси мардуми Ироқ ва Язид ҳастанд. Мардуми Ироқ он ҳазратро даъват карда ваъдаи ҳамкори ва байъат карданд, вале баъди омаданашон ваъдахилофи карда онҳоро танҳо гузоштанд. Аммо Язид ба хотири ҳукумат шуда Убайдулло бин Зиёдро ба Ироқ фиристод то Ҳусайни бузургворро маҷбур кунад ки фармонбардори Язид шавад ва салтанати уро таслим кунад. Чун Ҳусайн некусиришт ин амрро инкор кард саранҷом уро ба шаҳодат расониданд.
Банда, ҳамчун мутахасиси забони Араби ва илмҳои Исломи ва донишҷуи Дуктурои забони Араби дар яке аз донишгоҳои машҳури олам аз нигоҳи Ислом дар маслаи шаоҳадаи ҳазрати Ҳусайн чунин фикр дорам:
Мо мусалмонҳо бояд дар ҳама чиз эътидол ва миёнаравиро риъоя кунем. Дуст доштани оилаи Паёмбаи Ислом аз амри худованд ва паёбари уст. Дар ҳама китоҳои сунан боби зикр маноқиби аҳли баёт хусусан Ҳасан ва Ҳусайн зикр шуда аст. Барои ҳамин мувофиқи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат ёдовар кардани шаҳодати Ҳусайн ва зикри нуктаои ибратомузи ин фоҷиъа ҳеҷ бадие надорад. Вале эътироз кардан ба тақдири худованди ва худро задану фиғону нола кардан ҳам қабул нест . Бале ба ёди он бузургон гиря кардан ва амгин шудан бадие надорад.
Хулоса, монанди бародарои Шиъа худро задану хуншор кардан ҳам қабул нест ва на монанди баъзе бародарони худди хомуширо интихоб кардан ва дар бораи ин ҳодиса ҳарфе нагуфтан аз руи инсоф астю
Ҳачуноне ки Наби (дуруд ба у фармудааанд)
حيير الأمور أوسطها
Инро ҳам фаромуш накунед ки Муъовия агарчи саҳоби буданд ва ихтилофе бо ҳазрати Али доштанд инро Худованд дар рузи қиёмат ҳаллу фасл мекунанд. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ Язид ки писари Муъовия
буданд ва дар шаҳодати ҳазрати Ҳучайн нақши асосиро бозиданд фазилате надорад. Агар писари Нуҳ алаҳисалом кофир буд ва наби будан падараш барояш восита нашуд , пас саҳоби будани Муъовия ва котиби ваҳй буданаш барои Язиди гумроҳ воситае нахоҳад шуд.
Боз бидонед ки донишмандони аҳли Суннат дар бораи Язид ба 3 гуруҳ тақсим шудаанд:
1) Уро таърифу ситоиш мекунанд.......
2) Уро лаънат мекунад , чун у ба аҳли Мадина ҳамла кард ва ҳар касе ки ба аҳли Мадина ҳамла кунад малъун аст
3) дар бораи у сокити ва хомуширо авло медонанд . На уро бад мегуянд ва уро ситоиш мекунанд. Чаро ки ҳар чи кард сазояшро кайҳо баъди рафтанаш аз ин дунё ёфт
Пас баҳсу мунозира дар бораяш фоида надорад.

ИН МАРД ЯКБОР БАЁДАШ МЕЗАДА БОШАД КИ ФАРДО ДАН НАЗДИ ХУДО ЧИ ЧАВОБ МЕГУЯД. КИ ЯК МАСЧИТИ ЧУМАЪ ХОНИРО АЗ БАЙН БУРДААСТ.ЧАНОБ МУКАРАМ ТУ АГАР МУСАЛМОН Ё ВОРИСИ МУСАЛМОНОНИ ТОЧИКИСТОН БОШИ ЧАРРО КИ ТО СИНИ 18 СОЛАРООНАИ ХУДО РАФТАНРО МАНЪ КАРДАН ХОХАРОНИ БО САТРИ МОРО ДА ДОНШГОХО ИЧОЗАТ НАМЕДИХАН БА ДАРС ИШТИРОК КАРДАН БО САТР ЧАРРО КИ ЯК БОР ДАР ИН БОРА СУХАРОНИ НАМЕКУНИ , КИХАМАИ ИН КОНУНХО БАР ЗИДИКОНУНХОИ ХУДО АСТ, ЧАРО ХОМУШ МЕИСТИ ФАКА ДУМИ ОШУРОРО КАПИДАИ АЗ ХУДО ШАРМ НАМЕДОРИ ОЁ МО АГАР БАРОИ АХЛИ ХОНАВОДАИ ПАЁМБАРАМО ГИРЯ КУНЕМ ГУНАХГОР МЕШАВЕ . АЗ БАРОИ ХУДО ШАРМ ДОР БИТАРС АЗ ХУДО КИ ИН ДУНЁ НА ОНКАДАР ДУНЁ ХУБ МЕБОША.ХАДАФИ ТУ ИСЛОМРО АЗ БАЙН БУРДАНАСТ. ИНХЕЛ НАМЕШУД ЧАРО НАМЕМОНИ КИ НАСЛХОИ МО АЗ ТАЪРИХИ ГУЗАРОНИДА ХОНАДОНИ ПАЁМБАРАМОН ШИНОС ШАВАНД ВА ДОНАД КИ ХОНАДОНИ ПАЁМБАР КИХО БУДААН, ВОЙ АР ХОЛАТ НОМУСАЛМОН МУКАРАМИ ХАР.

Rut
Хами шумо муллохо набудед ба гуфтаи падару бобохомон намоз мехондему холо хам мехонем намедонистем салафиш ки буду алифии сохибмансабаш

дустори хусаин
агар худо ядзиде ки фарзанди расули худоро кушт бахшида бошад иншоаллох бовар дорам маро низ барои лаънати язиду тарафдоронаш мебахшад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)