Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:46

Ташаккури Раҳмон барои ғолибият ва нахустин дастур ба Сафаров

8 ноябр 2013, 15:10

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо Сафар Сафаров, раиси ситоди интихоботии Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва ноиби аввали ин ҳизб, барои ғолибияти дигарборааш изҳори миннатдорӣ намудааст.

Тавре аз Ҳизби халқӣ-демократӣ хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Сафаров ба тамоми фаъолони ситоди марказӣ, ситодҳои вилоятию ноҳиявӣ ва вакилони парлумону шахсони боэътимодаш арзи миннатдорӣ намуда, дастур додааст, акнун тамоми нерӯ барои татбиқи барномаи пешазинтихоботияш равона гардад. Раисиҷумҳур гуфтааст, татбиқи барномааш барои таҳкими ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Сафар Сафаров ба раисиҷумҳур ваъда додааст, ки аъзои ҳизб содиқона аз пайи татбиқи барномаҳои пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон хоҳанд шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • чими аз Дангара

  • 8 ноябр 2013 16:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аъзои хизб рушона сиёх мекунанд ягон дигаргуни намешавад
Посух додан
  • ориф

  • 8 ноябр 2013 20:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман хеч гох бовар надорам ки емомали рахмон бе такаллуб голиб шуда бошад беъзеяшон з фоиз овоз гирифтанд ман хайронам ки читавр 210 хазор имзо чам карданд
Посух додан
  • Бояд

  • 9 ноябр 2013 06:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бояд аз аъзои участкахое ки хама аъзои ХХДТ хастанд ташаккур кунед, зеро онхо буданд ки такаллубкори карданд ва ба чои дигарон овоз доданд ва .........Сафар Сафаров чи кор кардааст ки аз у ташаккур мекунед? у дар ягон участка набуд акаллан ба муаллимхои бечора ки имону вичдони худро мефурушанд ягон тухфа дихед дар хамин дунё зеро киёмати ин бечорахо сухтааст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!