Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:43

Темур Варқӣ ба финали озмуни адабии OCABF-2013 роҳ ёфт

8 ноябр 2013, 17:14

Темур Варқӣ, шоир, тарҷумон ва журналисти тоҷик, ба қисмати ниҳоии озмуни адабии Open Central Asia Book Forum and Literature Festival-2013 (OCABF-2013) ё Форуми китоб ва ҷашнвораи адабиёти Осиёи Марказӣ роҳ ёфтааст.

Тавре созмондиҳандагони озмун гуфтаанд, Темур Варқӣ дар бахши “Тарҷумаи адабӣ” иштирок мекунад. Даври ниҳоии ҷашнвораи OCABF-2013 7 ноябр дар шаҳри Лондон ба кори худ оғоз карда, то 9 ноябр идома хоҳад дошт. Эълони ғолибон ҳам дар ин рӯз, яъне 9 ноябр баргузор мешавад.

Темур Варқӣ ягона адиби тоҷик аст, ки ба даври финалии ин озмун роҳ ёфтааст, дар ҳоле ки аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ - Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон теъдоди адибони ба қисмати ниҳоӣ роҳхатгирифта аз чор нафарӣ бештаранд.

Темур Варқӣ, шоир, тарҷумон ва журналисти тоҷик, ки соли 1962 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, феълан дар телевизиони моҳвораии “Сафо”, қароргоҳаш дар Маскав, ба ҳайси муҳаррири барномаҳо фаъолият дорад. Вай дар гузашта дар радиои Би-Би-Сӣ ва нашрияи русзабони "Азия-Плюс" ҳам кор кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!