Убайдуллоев номаи дуюми саҳмдорони “Бохтар-46”-ро низ беҷавоб гузоштааст
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, мактуби дуюми саҳмдорони бинои баландошёнае, ки сохтмонаш дар кӯчаи “Бохтар-46”-и пойтахт боздошта шудааст, бепосух гузоштааст.
Эраҷ Олимов, ҳуқуқдони саҳмдорони бинои истиқоматии Бохтар-46, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки “ду мактубро ба унвонии раиси шаҳри Душанбе фиристода, хостем то ба мо бигӯянд дар оянда чӣ кор кунем”. Аммо ба гуфтаи Олимов ин ду мактуб бепосух мондаанд ва дар шаҳрдорӣ ба саҳмдорон ваъда додаанд, ки мушкили онҳо баъди интихоботи раисиҷумҳур ҳал хоҳад шуд.
Ахиран ҳудуди 150 саҳмдори бунёди манозили баландошёна дар кӯчаҳои Шотемур-25 ва Бохтар-46 бо ирсоли як нома ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, кӯмак хоста буданд.
Онҳо дар номаи худ навишта буданд, ки қатъи сохтмони ин биноҳо 175 оиларо, ки ба онҳо барои бунёди манозили баландошёна пул додаву ду сол боз бо умед интизори анҷомёбии онанд, нигарон сохтааст. “Мо бо меҳнати ҳалолу софдилона маблағ ба даст овардему ва амонатҳои тӯли даҳсолаҳо захиракардаи худро баҳри беҳбудӣ бахшидани шароити манзилии худ равона сохтем. Пеш аз пардохти маблағ ба сохтмончиён мо эътимод ҳосил намудем, ки сохтмон мутлақо қонунӣ, дар асоси қарорҳои ҳукумати Душанбе таҳти №518 аз 27-уми декабри соли 2011 ва №391-1 аз 11-уми августи соли 2011 анҷом дода мешавад”,-омадааст дар номаи саҳомон.
Эраҷ Олимов дар мусоҳибаи худ бо “Озодагон” афзуда буд, ки пеш аз оғози сохтмони биноҳо қарори раиси шаҳр, иҷозатномаи архитектура, хулосаи экспертизаи Оҷонсии сохтмон ва меъмориро гирифта, инчунин зиёда аз 13 мақомоти давлатӣ дар ҳуҷҷати онҳо муҳр гузоштаанд.
Аммо ду моҳ пештар Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе, дар доираи нақшаи генералии шаҳр, ки аз ҷониби муассисаи «Гипрогор»-и Маскав таҳия шудааст, қарор намуда буд, 36 бино аз маркази Душанбе бардошта шаванд. Тавре аз шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, дар доираи ҳамоҳангсозии бинову иншооти атрофи майдони «Дӯстӣ» 36 бино дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Бохтар, Руставели, Пушкин ва Теҳрон бардошта мешаванд ва сохтмони чанд бинои баландошёна, ки дар ҳоли анҷомёбиянд, боздошта шавад. Шаҳрдорӣ дар қарори худ аз масъулин хоста буд, соҳибони биноҳои чаппашаванда огоҳ гарданд ва ҳаққи қонунии онҳо дар сатҳи зарурӣ ба онҳо дода шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |