Бахшҳо

Қабули “шарт”-ҳои Зайд Саидов ва оғози баррасии парвандаи дувуми таҷовуз

Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, ки мурофиаи додгоҳияшро мазҳака хонда, аз ҳузур дар он худдорӣ карда буд, ахиран ҳамроҳ бо вакилони мудофеъаш розӣ шудааст, ки дар мурофиаҳои минбаъда ширкат кунад.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони Зайд Саидов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки рӯзи 8-уми ноябр баррасии парвандаи дуюми марбут ба таҷовуз ба номус шурӯъ гардид. Ба гуфтаи номбурда дар мурофиа аз тарафи вакилон ва айбдоркунандаҳои давлатӣ гӯиё ҷабрдида Г.Е ва шоҳиди ин ҳодиса Г.В пурсида шудаанд: “Аз нишондодҳо ва посухҳояшон ба саволҳо рӯшан гардид, ки шоҳид ва ҷабрдида дурӯғ мегӯянд”.

Шӯҳрат Қудратов афзуд, ки мурофиаи навбатии парвандаи дуюми марбут ба таҷовуз рӯзи сешанбе таъин гардид.

Зайд Саидов рӯзи 23 октябр бо изҳори нобоварӣ ба мустақилӣ ва беғаразии Шавкат Абдулхайров -- додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи парвандааш эълон карда буд, дар мурофиаҳои баъдӣ иштирок нахоҳад кард. Ин эътирози Зайд Саидов баъд аз он буд, ки додгоҳ дархости ӯ ва се вакилашро дар бораи ташхиси генетикӣ дар парвандаи аввали “таҷовуз ба номус” ва тағйири додрас дар ин мурофиаи додгоҳӣ рад кардааст. Онҳо дархост карда буданд, ташхиси генетикӣ бояд дар яке аз давлатҳои Аврупо гузаронда шавад ва харҷи онро тарафи Зайд Саидов пардохт хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ки баъди он эътироз додраси парванда бо вакилон ва худи Зайд Саидов мулоқот анҷом дода, гуфтааст, ки дар сурати муроҷиати навбатӣ онҳо дархости ҷониби ҳимоягарро барои гузаронидани ташхиси дигарбораи ДНК ҷавоби мусбат хоҳад дод.

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов 12 сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта, паси дарҳои баста ҷараён дошт. Мақомот оқои Саидовро, ки 19 май, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, боздошт шуда буд, дар қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, ришват, сирқати амволи давлатӣ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси ду ноболиғ муттаҳам медонанд. Гуруҳи тафтишотӣ мегӯяд, яке аз ин ноболиғон аз оқои Саидов фарзанд дорад ва ташхиси ДНК-и он дар яке аз лабораторияҳои хусусии Русия гузаронда шудааст, ки ба нафъи раҳбари Тоҷикистони нав нест. Аммо Зайд Саидов ва вакилони мудофеи ӯ ин ташхиси генетикиро ғайриқонунӣ медонанд.
Мӯҳр
адвокат
Хамин Шухрат Кудратов худаш одами прокуратура ЗАйдро фиреб мекунаду дар мурофиахо ширкат мекунад , барои судя мухим ин аст ки зайд дар мурофиа ширкат кунад , шохидону чабрдидагон чи мегуянд мухим нест, зеро то хол собит шудааст хеч як судя хукми худро боназардошти дуруг ва ё шохидии шохидон наброварда ва гапхои шохидон хеч таъсире дар парванда надорад ва хамааш дуруг аст. Бояд Зайд ба хеч ру дар мурофиа иштирок намекард, зеро аллакай говсуд кардани у маълум аст ва бо фармони боло ба чандин сол зиндон аллакай хукм гирифтааст.......

Довар
Зинда бод, суди (додгохи) Точикистон одилонатарин суд дар чахон!... Чунин суди одилона , ки танхо бо фармони БОЛО кор мекунаду хукм мебарорад, дар ягон гушаи дунё нест ва нахохад шуд. Мо дар ин масъала хам чун парчами 163 метриамон дар чойхои аввалин хастем...адвокат,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)