Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:35

Ҳалокати 3 нафар дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

2 август 2011, 06:01

Дар шимоли кишвар бар асари садамаи нақлиётӣ 3 нафар  фавтида, як кӯдак ҷароҳати вазнин бардоштааст.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» дар РКД-и вилоти Суғд иттилоъ доданд.Тибқи иттилои манбаъ, садама бо айби ронанда ба вуқӯъ пайваст. Сарнишини мошин ду нафар занро , ки бо фарзандони ноболиғашон аз роҳ дар кӯчаи Ленини  шаҳри Қайроққум мегузаштанд, пахш намудааст.

Гуфта мешавад, сокини 25-солаи нохияи Ғончӣ, аснои ҳаракат бо мошини тамғаи «Тойота-Сурф»  бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили ҷода баромада , ду занро бо фарзандонашон пахш намудааст.Дар натиҷа, сокини 25-солаи шаҳри Қайроққум Дилрабо Турсунова, истиқоматкунандаи 32-солаи нохияи Бобоҷон  Ғафуров Дилором Негматова ва писарчаи 8-солаи ӯ, Наимҷон Нигматов ба ҳалокат расиданд. Писарчаи хурдсоли Д. Турсунова- Мирзомуҳаммад Турсунови 2-сола  ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, алҳол дар беморхона бистарӣ мебошад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!