Бахшҳо

Нороҳатии қаҳрамони “Пусть говорят” аз иттилои расонаҳои тоҷикӣ

Шаҳзода Абдураҳимова, ҳамсари Саид Шарифов, ки ахиран дар барномаи “Пусть говорят”-и шабакаи аввали Русия иштирок карда, хиёнаткории шавҳарашро ифшо намуд, аз матолиби бархе расонаҳои тоҷик, ки ӯро пастзанандаи шаъни зани тоҷик хондаанд, изҳори норозигӣ кард.

Шаҳзода Абдураҳимова дар тамос бо хабаргузории “Озодагон” гуфт дар як ҳафтанома матлаберо бо номи “Обрӯи тоҷикро резонд” хонда, хеле ғамгин шудааст. Шаҳзода гуфт, “муаллифи ҳамон мақола навиштааст, ки зани тоҷик айбу шармро надониста аз Тоҷикистон барои ба даст овардани шавҳараш рафтааст. Чунин афрод аввал аз наздик омада аҳволи маро бинанд баъд рафта танқид кунанд. Обрӯи марди тоҷикро дар замин задӣ гуфта менависанд боз. Аввал фаҳманд, ки ман ба қадом мақсад рафта будам. Боз навиштаанд, ки ман аз инҷо рафтам вайро шарманда карда бошаму ба ҳамин хотир Саид наомадааст”.

Ин дар ҳолест, ки пас аз пахши барномаи “Пусть говорят” бисёре аз сокинони Тоҷикистон аз рафтори Шаҳзода, истиқбол намуда, ҳатто изҳори омодагӣ карданд, ки ба ӯ кӯмак намоянд. Шаҳзода Абдураҳимова дар мавриди дарёфти кӯмак аз ҳамватанон изҳор дошт, ки ба ҷуз Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, дигар касе ба ӯ кӯмак нарасондааст: “Наздикони Зайд Саидов ба хонаамон омада, кӯмак карданд. Ба писарам “ноутбук” оварданду ба худам маблағ доданд”.

Шаҳзода Абдураҳимова, модари се фарзанд аст, ки ахиран дар барномаи “Пусть говорят” хиёнати шаваҳарашро ифшо намуд. Шавҳараш Саид Шарифов даҳ сол пеш ба нияти дарёфти маблағ хонаводаи худро дар Душанбе танҳо гузошта, ба Русия рафтааст ва он ҷо бо як зани ҷавони рус хонадор шудааст.


Мӯҳр
Хуб кардааст ин зани далери тоҷик. Он мард ҳамин хел зани хушқаду қомату зеборо бо фарзандони Худодод бартофта, аз паси як беваи хукмонанд гаштааст. Боз ба ӯ ангӯштарини никоҳ тақдим мекард. Дар бораи кадом обрӯи марди тоҷик ҳарф задаанд? Мардони тоҷики ба монанди ӯ аз иззату обрӯи шахсӣ ва миллӣ дида, аробакашӣ ва хиёнат ба оила ва шаъну шарафи миллатро афзал медонанд.

Маъруф
Агар оилаи хамон муаллиф чунин хиёнат мекард чи? Хох зан бошад, хох мард. Кадом расонаи давлати инро навиштааст. Шароит фарохам созед мардум дар дохили кишвар кор кунанду ба хорич нарафта, миллатро шарманда накунанд. Рахмат ба чавонмарди хакики окои З.Саидов, ки ба ин оила кумак карданд. Дуо мекунем зудтар аз ин тухмату бухтонхо пок барояд.

Хайфи ин хел инсоне ки аз Модаре ки вайро бо чи орзую ният ба дунё оварда асту Мегуд ки ман модарам аз дунё рафтагий.... recourse ва аз он чумла аз зану фарзанде ки худованд барои инхел инсон додаасту аз инхо руй гардонд... вай бар холи инхел инсоне ки дар вай номи мардий хаст. recourse recourse recourse ва ахсан барои чунин зан

Салом ба ҳамаи хонандагони Озодагон! Баъдан ҳаминро гуфтаниам,ки ҳазор раҳмат ба чунин зан модар,ки бо мушкилиҳо нигоҳ накарда фарзандонашро тарбияи хуб кардааст. Вақто ки дохили студя гаштан бо ҳамон либосу бо ҳамон одоби ороми ва эҳтиром нисбати падарашон ин худ номи тоҷикро нишон дод. Мо бо ҳамкорони русамон бисер дар бораи инҳо суҳбат кардем русҳо аҳсан барои чунин тарбия ба тоҷикон гуфтанд. Бечора муалиф бояд ягон чи нависад ку хонааш гарм фарзандаш пушида сер мумкин дар таги пояш боз иномарка ҳам дошта бошад... "Савора чи парвои пиёдаро дорад"

Cухроб
бародарон барои Саид ё хамсари точикашро мухокима кардан нахуст лахзае тасаввур кунед, ки САид бародари Шумо, як лахзаи дигар тасаввур кунед, ки бонуи Шохзода модар ё духтар ё хохари шумост. Баъдан аз руи инсоф бахо дихед ба кору кирдори онхо

Обруи точикхоро резонд. Ин либоспуширо бинан. О як миниюбка немепуши кишлоки.

Нур
Ба ман иттиход ва тарбияи оилаи точик писанд омад.Ин русхо дигар чиро мунтазир буданд.Аммо гайричашмдошт барошон акси хол рух дод.УУУУУУУУРРРРРРРАААААААА!!!!!!

Панки Точик,
очат наверное миниюбка кати мегарда?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)