Бахшҳо
09 ноя 2013 10:26Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дуои муфтӣ барои 7 соли ояндаи раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон

Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон аз раванд ва натоиҷи интихоботи президентии 6 ноябр истиқбол карда, онро нишонаи хирадмандии Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик хонд.

Абдулқодирзода, ки рӯзи 8 ноябр дар як суханронии хеш дар ин бора ибрози назар мекард, гуфт, ин нишонаи хирадмандии мардуми Тоҷикистон аст, ки инсони сазовору ободкор ва ҷонфидои ободии кишваро интихоб намудааст. Раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон аз нооромиҳои дохилии кишвар дар солҳои 90-ум ёдовар шуда, афзуд: “Ҳамаи мо рӯзҳои рехтани хуни ноҳақ, зулму истибдод ва касофатиро дидем. Вале Худованд бо фазлу карами хеш бо дасти ин ҷавонмарди хирадманд кишвару оромии онро дубора барқарор кард ва бо сарварии ин хирадманд чӣ қадар ватани мо обод шуд.”

Ӯ гуфт, боре Душанберо ба 20 соли қабл муқоиса кунед, ки то куҷо тағйир ва пешравӣ дар он шудааст: “Чӣ қадар биноҳо бунёд ва роҳҳо cохта шудааст. Ҳар рӯз як корхона ифтитоҳ мешавад. Мо бояд шукрона кунем, ки интихобот ором гузашт ва ин албатта, нишонаи хирадмандии ин миллату мардум аст.”

Абдулқодирзода дар охир аз ҳамагон даъват кард, ки дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дуои хайр намоянд: “Дуо мекунем, ки Худованд ин пирӯзиро барояш муборак ва боз ҳам нияту иродаву ақидаашро манфиатдортар барои миллат гардонад. Ин пешравиҳое, ки шуду ният дорад, Худованд барои ҳамаи хидматҳояш аҷру подош диҳад ва дар оянда комёбию адлу инсоф рӯзияш гардонад.”

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябр баргузор шуда, тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар, ки натиҷаҳои муқаддамотии онро эълон кард, Эмомалӣ Раҳмон бо касби беш аз 83 дар сади оро барои ҳафт соли дигар раиси ҷумҳур интихоб шуд. Ба ин тартиб, оқои Раҳмон барои бори чаҳорум ба курсии раёсати ҷумҳурӣ такя зад. Вай дар интихоботҳои соли 1994, 1999 ва 2006 низ бар рақибонаш дастболо шуда буд.
Мӯҳр
хонанда
Ришу саллааш кучо шуд??

f,hfh
каззоб худованд туро хидоят кунад.чи муфтие сухани Аллохро монда суханро афзал медонад.ин аз сари худаш метарсад кучо шуданд бародарон кучо шуданд хохарони исломии мову шумо кучо шуд амри Худованди Карим

Абдулло
Ин коммунист
Дуо кард ба даргохи Аллох.
Шарм накарди хохарони моро бе руймол-бе сатр дар мактаб дар донишгохо ичозат надод.масчид рафтанро то 18соларо ма'н кард.азон гуфтанро бо садои баланд ма'н кард.АмриМа'руфро дар рузи
туйи аруси-дар ма'ра
каву худои ма'н кард .Эй муфти аз Худо тарс .фардо пеши Парвардигор мерай чи чавоб хохи гуфт

МУКАРАМ ОЗИРАГАР КУ ТАЛБАК ИСМОИЛОВ ХАМ МЕГУЗАШТ ТУ БАРОИ ВАЗИФААТ АЗ ДАСТ НАРАВАД ГУФТА ХАМАИ АМИН ГАПОРО ДАР ВАСФИ ТАЛБАКАМ МЕГУФТИ, ЛЕКИНЯК ЧИРА ГУЕМТА АМИ МОХО ОХИРИ КОРОТА МЕГИРАНТА АЗ ВАЗИФА БАРОЙ АМАРА ЧАЗИР КАРДИ.

muhojir
"Ҳар рӯз як корхона ифтитоҳ мешавад" ин сухани МУФТИИ мӯҳтарам аст,вале тааҷубовар ин аст ки ҳар руз як корхона ифтитоҳ шавад, якуним милион муҳочир дар хориҷ чӣ мекобанд?! Магар ин корхонаҳо ҷои корӣ нестанд барои онҳо???!!! Худоё!!! кош ин муфтии муҳтарам як муддати кутоҳ дар канори муҳоҷирон дар хориҷ аз ВАТАН кор мекард, баъд мефаҳмид, ки КӢ интихоб шудааст...

Мухочир
Барои риш фатво сохтагист, у охир муфтику...

janobi mufti in suxanhoeki az zaboni shumo baromad haqiqi ast yo soxta agar hamin suxanho haqiq boshad shumo dur az quronu sunnat shuded. shumo naboyad pushtuboni az emomali rahmon mekarded boyad pushtuboni az quonu sunat mekarded,dar invaqt alloh baroi shumo nusrat medod ,az xudo tarsed bain suxanhoi guftaaton.

Аллох тавфиката рафик гардонад ва барои Ч О хам хамчунин.Шумо аз Бобоназарова ва командааш барои мо агар ба шумо ва командаатон Аллох тавфик дихад дар пешбарии кори худатон адолатро интихоб кунед.Ва аз номи дини Ислом бар зидди дини Ислом конунхое кабул накунед

и мукарам аз рузи муфти точикистон шид дини исломро хукуматдорон чашми дидан накардан

Donishju
Muft charo dar oyanda adlu insof ruziyash gardonad,duo namekuni ki hozir adlu insof dihad.eh muftii duoyam doda nametoni

muloi be rish fosik ast-az kafoyash namoz xondan mumkin nest.hoji mirzo zebi muftigi dorad va hukumatihoro az rishvavu haromxuri najot metiyad bo kumaki alloh..in mufti natavonist in korro-ba istefoooooo.

мо хам дар хақи муфтию хукуматдорхо дуо мекунемки онхоро умри дароз теяду ба мухочирати мехнати насибашон гардонад,ки шояд қадри миллату ватанба расанд ва ин қадар золимон қонун набуроранд омин

донишчу
барои мансаб шуда бар золим дуъои хайр доди магар ин мансаб абидист? Нааааа зудаст ки аз ин дунё мерави ва дор он рузеки на молу мулк ва на фарзандхоят фоида оваре намешаван дар ончо ба ин суханхои гаразона'ат чавоб хохи дод таййорита бииин

барои мансаб шуда бар золим дуъои хайр доди магар ин мансаб абидист? Нааааа зудаст ки аз ин дунё мерави ва дор он рузеки на молу мулк ва на фарзандхоят фоида оваре намешаван дар ончо ба ин суханхои гаразона'ат чавоб хохи дод таййорита бииин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)