Бахшҳо

Бовару нобовариҳо барои тағйирот дар ҳукумат баъд аз 16 ноябр

Ҳумайрои БАХТИЁР

Қарор аст, 16 ноябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон -- раисҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон савганд ёд кардаву аъзои ҳукуматро ба истеъфо бифиристад. Ҳарчанд ба истеъфо рафтани аъзои ҳукумати Тоҷикистон барои муддати муайян як талаботи Қонуни асосист, аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки эҳтимол ин навбат бархе аз аъзои ҳукумат ба ҷои худ барнагарданд.

ҶОМЕА ЧӢ МЕХОҲАД?

Дар ҳоле ки ба гуфтаи Қосими Бекмуҳамммад, шореҳи масоили сиёсӣ, тими кунунии Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 10 сол боз сари курсӣ нишаставу тамоми нерӯ ва зарфияти худро нишон додааст. “Ҳоло ҷомеа интизор дорад, ки ҳадди ақал 50 дарсади аъзои кобинаи ҳукумат иваз шавад. Аммо воқеияте низ вуҷуд дорад, ки барои фаъолияти худ давоми ин солҳо вазирон ҳам аз раисиҷумҳур подоше дар шакли боқӣ гузоштан дар ҳукумат интизор бошанд”,-афзуд ӯ.

Мусоҳиби илова кард, эҳтимол чандон тағйироти ҷиддӣ дар тими ҳукумат ба вуҷуд наомада, ба сифати қадрдонии фаъолият шояд танҳо ҷойивазкунии кадрҳо сурат бигирад. Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, бо ин вазъ муяссар намешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон 180 дараҷа иваз бишавад.

ТАНҲО ҶОЙИВАЗКУНӢ?

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, бовар дорад, ки ҳукумат баъзе аз кадрҳои нав қабул хоҳад кард, аммо на барои ҳайати асосии ҳукумат: “Онҳое, ки давоми ин солҳо бо Раҳмон буданд, дар тим боқӣ мемонанд, танҳо шояд ба вазифаи дигар таъин гарданд. Тавре, ки дар гузашта ҳукумати Раҳмон таҷриба дошт, танҳо ҷобаҷогузории кадрҳо мешавад. Дигаргунии куллӣ ба вуҷуд нахоҳад омад”,-таъкид кард ӯ.

Ба бовари номбурда мушкили Тоҷикистон ҳам дар он аст, ки ҳукумат аз вазъияти кунунӣ огоҳ буда, барои ислоҳоти ҳамаҷонибаи чандон талош намекунад. Вай азфуд, “дурнамое, ки онҳо доранд, аз қабл доштанд. Агар онҳо ҳамингуна дар андешаи дигаркунии вазъият бошанд, дурнамо чандон назаррас намешавад.”

НИЗОМ Ё МАНСАБДОРОН?

Бо таваҷҷуҳ ба ин мушкилот, коршиносон мегӯянд, ба ислоҳоти куллӣ дар соҳаи кадрии ҳукумати Тоҷикистон умед бастан рӯъёе беш нест. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ҳоло бо истифода аз вазъият мансабдорони тоҷик барои ҳифзи курсии худ занҷираеро сохта, ҳар кадоме ба гунае аз бахши бар ӯҳда доштааш гузориш медиҳад, ки гӯиё дар сурати интихоби кадри нав Тоҷикистон рӯ ба таназзул хоҳад ниҳод.

Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, агар дар ҳар кишваре низом кор накарда, ба ҷойи ӯ мансабдор кор бикунад, ин заъфи давлатдорӣ аст: “Агар ҳукумати Тоҷикистон давлатдории худро бар ин мабно сохтааст, пас, ин ноустуворӣ ҳаст. Ин маънои онро дорад, ки мансабдорон ба истилоҳ киштиеро рӯи об нигоҳ медоранд.”

ҲХДТ: ТАҒЙИРОТ МЕШАВАД

Ин ҳама гуфтугузор дар ҳолест, ки Усмон Солеҳ, раҳбари бахши таблиғоти Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, мегӯяд, ин навбат дар ҳукумати Тоҷикистон ҳатман дигаргуние ба вуҷуд хоҳад омад.

“Як чизро ба назар бояд гирифт, ки кадрҳои феълии Тоҷикистон бисёр таҷрибадор ҳастанд. Имкон дорад, ки баъд аз дигарбора ба фаъолият шурӯъ кардан, қисме аз ин кадрҳо дар ҷойи худ боқӣ монанд ва ё ба вазифаи дигар гузаронда шаванд. Аммо тағйирот мешавад. Дар назар аст, кадрҳои ҷавон ва ҷадид вориди тими ҳукумат бишаванд”,-гуфт ӯ.

КӢ РЕКОРДСМЕН?

Ин навбат истеъфои тими ҳукумат дар ҳоле дар назар гирифта шудааст, ки айни ҳол бисёре аз вазирону раҳбарони кумита ва идораҳои давлатӣ ба синни нафақа расидаанд. Ҳоло синни миёнаи аъзои ҳукумати Тоҷикистон 56 солро ташкил медиҳад. Дар ҳоел ки бар асоси қонун дар кишвар синни нафақа барои мардҳо 63 ва занҳо 58 сол муайян шудааст. Айни замон панҷ узви ҳукумат алакай аз ҳадди муқарраргардидаи синни нафақа гузаштаанд.

Муҳлати миёнаи будубоши аъзои ҳукумат дар вазифаҳои феълияшон 5 солро ташкил медиҳад. Аз рӯи муҳлати ишғоли вазифа, Шералӣ Хайруллоев, рекордсмен аст, ки 18 сол боз вазири дифои Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳайати ҳукумат 13 узв ё худ 61,4 дарсади аъзои ҳукумати феълӣ зодаи вилояти Хатлонанд. Аз ҷумла, 7 нафар ё 33,3 дарсад аз ноҳияи Данғара мебошанд. Вилояти Суғдро дар ҳукумати феълӣ 5 нафар намояндагӣ мекунанд, ки 23,8 дарсади аъзоро ташкил медиҳад. Аз ноҳияҳои тобеи марказ дар ҳайати ҳукумат 2 нафар (9,5%) ва аз вилояти Бадахшон 1 нафар (4,7%) кор мекунад.
Мӯҳр
Кулоби
Барои чи аз шахри Кулоб ,ягон нафар аъзои хукумат нестанд? Бовар кунед
Кулобихо аз хамин хукумати дангарагихо нагзтар ва адолатона корро ба
рох мемонданд.

Dev
Namedonam ki meravadu ki meoyad , vale sad dar sad ba nest shudani Gul Sherali , Beg Zuhur va HUkumov tarafdoram. Az inho ideyai hube baroi millat umuman bar nameoyad.

1.) ЭМОМАЛИ РАХМОНИ МУХТАРАМ АВВАЛАН КОРЕ КИ МЕКУНИ АРТИШРО ПУЛАКИ КУН ШАРМ ОВАРАСТ КИ ЧАВОНОН ДАР ВАТАНИ ХУД АЗ ДАСТИ ГАРАВ ОБЛАВА ОЗОД НЕСТАНД.МАГАР МО ЧАВОНОн ТЕРОРИСТЕМ КИ ДАР ВАТАНИ ХУД ГУРЕХТА ЗИНДАГИ МЕКУНЕМ. АЗ УЗБЕКИСТОН АРТИШРО БИОМУЗЕД. ЧАРО ФАРЗАНДОНИ МАнСАБДОРОН ОБЛАВА НАМЕКУНАНД?
2) БАРНОМАИ ИКТИСОДИВУ ИЧТИМОИРО ТЕЗТАР ПЕШКАШ МЕКАРДЕД АГАР ЧОИ КОР МУХАЁО БОШАД ХУБ ВА ГАР НЕ 7 СОЛИ ДИГАР ТАРКИ ВАТАН КУНЕМ?

Бе мансаб
То вакте худи президент иваз нашвад иваз шудани тим фоида надорад, гап дар ош аст на мош. Тасаввур кунед як вазир иваз шуд, пас чи, оё оила мемонад ки у халол кор кунад вазоратро аз хешу табори корупсионерхо тоза кунад? ё аз хукумат талаб кунад ки барои вазорат маблаги зуруриро чудо кунанд? не албатта!!!!!!!!!!!!!!!

Рост гуфти Кулоби, барои чи дар Хукумат ягон намояндаи Кулоб нестай,вакте ки мо дар донишкадахои оли мехондем, аз ин нохия хеле бисьер муалимхои боинсофу росткавл кор мекардан.

Кулоби,
ман точик хастам лекин безор шудам аз махалчиги магар кулоб дигар мамлакат аст мухим точикони босаводро руи кор биеранд бас будагист хама якчо ватанро обод кунем. Худое мардуми точикро аз ин мараз рахо гардон омин

Агар хукумат хохад ки нуфуз ба нести коста нашавад бояд ба ислохоти чидди даст занад чунки ин хукумат аслан кадри лаекатманд надошт Хатто хамон Рахимзода ки дар кабинаи хукумат гуе ба ислохот даст мезанад бештар ба чои халли масалахои мухими иктисоди ба аз вазифа холи кардани мутахассион ва ба вазифахо кабул кардани хешу таборон ва рафикон машгул буд ки дар натича соха баракс бештар ру ба таназзул мениход

kishovarzi ivaz karda shavad.mevahovu sabzavoti xudamona ba bozorho barored.na az xorijavu ba xorija.

kulob viloyat shavad shavad iltimos ei rohbaron.yak xizmat ba kulobu nohiyahoi kulob kuned.

Манcабдорхо фарзаншона барвакт чошонда тайер кадагиян зикам нашен вазифахох хам нашен

Ана дилзанак, яъне инфаркт дар байни раисону вазирон сар хохад шуд. Шояд ин рузхо хобашон набурда истодааст. Мумкин дар назди фолбинон онхо аз ояндаи хеш пурсон мебошанд.. дилам ба холи онхо хеле месузад...

Богатые тоже плачут гуфти русхо !

Худой хури акнун сар шуд гуед !

Ин магар узурпацияи Хукумат аз тарафи режими кунуни нест?
Аз ду вилояти бузург (Сугду Бадахшон), ки такрибан 65% Точикистонро ташкил мекунанд факат 6 нафар узви Хукумат асту аз як нохияи кучаки Дангара 7 нафар. Умуман, дар ҳайати ҳукумат 13 узв ё худ 61,4 дарсади аъзои ҳукумати феълӣ зодаи вилояти Хатлонанд. Аз ҷумла, 7 нафар ё 33,3 дарсад аз ноҳияи Данғара мебошанд. Вилояти Суғдро дар ҳукумати феълӣ 5 нафар намояндагӣ мекунанд, ки 23,8 дарсади аъзоро ташкил медиҳад. Аз ноҳияҳои тобеи марказ дар ҳайати ҳукумат 2 нафар (9,5%) ва аз вилояти Бадахшон 1 нафар (4,7%) кор мекунад.
Албатта, чунин хатоихои бузурги сиёси хазорхо проблемахои дигарро барои Ватану миллати зачрдидаи Точикистон ба вучуд меоваранд

ДАР ТОЧИКИСТОН ЯГОН ВАЗИРУ ДЕПУТАТИ СОКУ СОЗ ЁФТ НАМЕШАВАД БОВАР КУНЕД ВАЙХО ХАМ КУРАНД ХАМ КАРАНД ВА ХАМ ГУНГАНД ТАЪЧИБИ, КИ ОНХОРО ИНТИХОБ КАРДААСТ..?
ЧИ МАГАР ОНХОРО БА ОН ВАЗИФАХО ИНТИХОБ КАРДААНД, КИ ТОЧИКИСТОНРО ХАРОБ КУНАНД ЧИ..?

charo ivaz kunand?-charo az vazifa girand vazirhoro?kor kardesan ki mo tinju ozod gashtesem.yagon kasro az vazifa nagired janobi oli.hozira hukumatiho behtar shudaand.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)