Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:37

Субҳи имрӯз Душанбе боз аз шиддати сахти замин таккон хӯрд

11 ноябр 2013, 07:25

Соати 7:23-и имрӯз, 11 ноябр, дар Душанбе боз замин ҷунбид.

Ин дуюмин заминларза дар 24 соати охир аст. Соати 10:16 дақиқаи рӯзи 10 ноябр ҳам сокинони пойтахт ва навоҳии атрофи он шиддати сахти зилзиларо эҳсос карданд.

Дар лаҳзаҳои аввали заминларза Марказҳои зилзиласанҷии ҷаҳон шиддати онро дар марказаш 5,5 ва дар Душанбе 5,2 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер гуфтанд. Аммо ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, шиддати ларзиши замин дар маркази он – 26 километрии ҷанубу шарқии Душанбе дар қаламрави ноҳияи Ёвон, 4,7 балл будааст. Дар пойтахти кишвар бошад, шиддати заминҷунбӣ 4 баллро аз рӯи ҷадвали Рихтер ташкил додааст.

Ба фарқ аз ларзиши рӯзи гузашта, имрӯз (11.11.2013) заминларза ҳамагӣ чанд лаҳза идома кард, аммо ба назар мерасид такони он сахттар буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Самиъ

  • 10 ноябр 2013 11:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Душанбе маркази фиску фасод ва конунхои зидди исломи дар ТЧК шудааст, барои хамин 10 балл чунбадхам кам аст. Озодагон чоп чоп чоп.
Посух додан
  • Вали

  • 10 ноябр 2013 20:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аллох барои мансабдорони Нав огохии сабукашро Никон дод!
О
Посух додан
  • Тагай.

  • 11 ноябр 2013 09:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Замин дигар ноадолатихои замонаро тахаммул карда наметавонад, бинобар ин дар ларзиш аст..
Посух додан
  • Сорбон

  • 11 ноябр 2013 10:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Афсона нахонед заминчумби як ходисаи табии аст ки бо хости Аллох ба вукуъ мепайвандад ва причем фиску фасод. Фиску фасоде, ки дар Маскав аст чаро ончо замин намечунбад.Дар давлатхои исломи хам замин мечумбад эй мардум.Дар Эрони сирф исломи хам замин мечумбаду хатто одамон мемиранд лек касе мисли мардуми мо суханхои беаклона намегуянд. Ба муллохо таклид карда хукму хулоса набароред ки ин муллохои точик он кадар куфргу хастанд ки хучумии малахро дар Кубодиену Шахритуз хам ба фиску фасод дар Душанбе рабт медиханд ва хиел доранд Худо барои гунохи як каси дигарро чазо медихад..
Посух додан
  • рустам

  • 11 ноябр 2013 11:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз пеши худатонхарчи набор вас худро гунахгор вас мардумро город наконец.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!