Бахшҳо

Суоли хонандаи "Озодагон" аз мақомот дар бораи заминҷунбӣ

Яке аз хонандагони торнамои “Озодагон” бо номи Юсуф дар пайи хабари заминларзаи рӯзи даҳуми ноябр шарҳе навиштааст, ки онро чоп карда, мунтазири посухи мақомот мемонем.

Номаи Юсуф:

“Ман дар маркази ноҳияи Ваҳдат дар маъракае будам. Дар берун дар таҳи долон сӯҳбат мекардем. Замин беҳад сахт ларзид.

Дар лаҳзаи нахуст садое ба монанди таркиш шунида шуд. Сутунҳои оҳанини долон ин сӯ ва он сӯ рафта меомаданд. Хаёл кардем, долон ҳамин лаҳза болои сарамон чаппа мешавад. То ба ҳол ба ин дараҷа заминларзаи шадидро надида будам.

Ҳанӯз солҳои ахири Шӯравӣ зимни яке аз сафарҳои хидматӣ бо афсари баландрутбаи рус ҳамсӯҳбат шудам. Дар рафти сӯҳбат полковники рус гуфт, ки "дар Помири шумо зуд-зуд таркиши ҳаставӣ мегузаронанд (частенько проводят ядерный взрыв). Шумо аз ин хабар доред?" Гуфтам, ки бори аввал мешунавам. Гуфт, "ин далели дақиқ аст". Пас аз ин, ҳар гоҳ заминларза ба вуҷуд меомад, нохост гуфтаҳои ҳамон афсар ба ёдам меомаданд. Имрӯз ҳам ҳамин тавр шуд. Заминларза воқеан ба таркиш монанд буд.

Бо истинод ба гуфтаҳои полковники рус мехостам аз мақомоти расмии Тоҷикистон пурсида шавад, ки оё ҳоло ҳам низомиёни рус дар қаламрави Тоҷикистони мустақил таҳқиқоти ҳаставиро идома медиҳанд, ё на? Зеро вобаста ба ҳаҷми заряд таркиши сахт ҳатман заминларза ба вуҷуд меорад.

Агар заминҷунбиш зарари моддӣ нарасонад ҳам, дақиқан ба бисёре аз ашхоси бемориҳои қалб ва асаб зарари ҷисмонӣ ва маънавӣ меорад. Масъалаи мазкур бояд аз ҷониби вакилони мардумии Маҷлиси Олӣ таҳқиқ шавад.”
Мӯҳр
Pirahmad
Ба Юсуф гуфтаниам, ки хусусан дар ш.Вахдат фиску фучур бечогардии духтарон ба мавчи аъло расидааст. Сар то по сатр хастанд вале он чунон фиску фучур мекунанд дискоклубхоро гуй то нимаи шаб. Худоро шукр гуед холо хам ба замин фуру нарафтаед. Э вой бар холи мо мардуми мусалмон.

а
Бисер своли содда. Ин гуна саволхоро мардуми бесаводи кишлоки медиханд. Хастаи магар бозича аст, ки дар Помир онро гузаронанду касе, гайр аз хамин Юсуф хабар надошта бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)