Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:12

Сокинони шимоли Тоҷикистон як ҳафта бе барқ хоҳанд монд

11 ноябр 2013, 11:38

Масъулони дафтари ширкати “Барқи тоҷик” дар вилояти Суғд мегӯянд, эҳтимол тӯли як ҳафта сокинони шимоли кишвар бидуни барқ монанд. Ин ҳолат, ба гуфтаи онҳо, аз 17 ноябр оғоз ёфта, то 24 идома хоҳад кард.

Мӯъмин Тошматов, сардори намояндагии “Барқи тоҷик” дар Суғд, сабаби ин ҳолатро ҳолатро чунин шарҳ дод: “Дар асоси нақшаи муштараки ширкати “Барқи тоҷик” ва ширкати чинӣ, аз санаи 17 ноябр муддати ҳафт рӯз дар хатти баландшиддати нерӯи барқи 500-киловатаи Ҷануб-Шимол корҳои таъмиру барқарорсозӣ бобати иваз намудани сутунпояи оҳанинни рақами 287 сурат мегирад.”

Вай дар идомаи суҳбат афзуд, дар шаҳрҳои саноатие, назири Қайроққум ва Чкалов, ки барқ доимӣ интиқол меёфт, маҳдудият низ ҷорӣ карда хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикрам шумо савод надоред. "Вай дар идомаи суҳбат афзуд, дар шаҳрҳои саноатие, назири Қайроққум ва Чкалов, ки барқ доимӣ интиқол меёфт, маҳдудият низ ҷорӣ карда хоҳад шуд."- ин чи гапест. Пас бебарк намемондааст, вилоят. Медонам, ки чуръати чопи ин матлабро надоред. Чунки Шумо "кури худу бинори дигарон" хастед. Дар Хучанд як гап хаст, агар чоп накунед, хамун гуфтагиам...
Посух додан
  • Точикбача(1)

  • 11 ноябр 2013 15:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Arzhang, Чияни тағо, инхел нагуед, хануз Шумо хурд хастед, ин қадар бо думи шер бози накунед. Агар бисёр зур бошед, рафта ру ба руи шер истеду баъд бози кунед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!