Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:07

Дастури Раҳмон барои барқарор кардани хонаҳои тахрибшуда

11 ноябр 2013, 13:56

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба сарвазир, Оқил Оқилов, дастур додааст, ки ба зарардидагони заминҷунбӣ дар Ваҳдат кӯмаки аввалия расонда шаванд ва дар пасманзари омад-омади зимистон корҳои барқарорсозӣ ҳар чӣ зудтар оғоз гарданд.

Оқил Оқилов, ин супориши президентро, имрӯз, 11-уми ноябр, зимни ҷаласаи Комиссияи давлатии ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда зикр карда, таъкид намудааст, ки дар Ваҳдат, ки аз рўи ҳисобҳои пешакӣ 104 хоҷагӣ пурра ва 259 хоҷагӣ қисман зарар дидаанд, супоришҳои президент ҳар чӣ зудтар амалӣ гарданд.

Оқилов супориш додааст, ки баробари ироаи кӯмаки аввалия, корҳои барқарорсозии манзилҳои истиқоматӣ, инчунин барои мушаххас намудани шумораи аниқи зарардидагон дар маҳали ҳодиса ситодҳои доимӣ ва гуруҳҳои корӣ таъсис дода шаванд.

Заминларзаи харобиовар дар Ваҳдат субҳи 10-уми ноябр, рух дод, ки қуввааш дар марказ ба 5 бал баробар будааст. Дар маҷмуъ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, давоми ду рӯзи охир дар Тоҷикистон, се ҳолати заминҷунбӣ ба қайд гирифта шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Некбахт.

  • 11 ноябр 2013 14:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз мегуям соле.ки накуст аз бахораш пайдост. Ман бо боварии комил мегуям,ки ин паи кадами хамун чаноби навшидаатон аст. Фахмидан муикин,ки ункадр кадами хуб надоштааст. Метавонад бо обруи набудааш истифо дихад.
Посух додан
  • tojik

  • 12 ноябр 2013 10:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Некбахт.,
charo az xudo namebini ofatro?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!