Бахшҳо

Шикояти модари Азиза ва Шокир аз болои А.Ҳукуматулло (Видео)

Нилуфари КАРИМ

Модари Шокир Маҳкамов ва Азиза Рӯзиева, ду маҷрӯҳи садамаи нақлиётии шаби 9 октябр бо иштироки Расули Амонулло -- писари раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, намедонанд, бо фарзандони бемори худ чӣ кор кунанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, барои табобати фарзандон ва пардохти ҳаққи бемористон маблағе надоранд.

Гулнора Рӯзиева -- модари Азиза мегӯяд, ду бор, 8 ва 9 ноябр, барои кумакхоҳӣ ба ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон рафта, аммо муваффақ нашудааст, Амонуллои Ҳукуматуллоро аз наздик бубинад ва ин масъаларо дар миён гузорад. Ӯ мегӯяд, ҳамроҳаш модари Шокир Маҳкамов низ буд.



“Рӯзи ҷумъаи 8 ноябр ба мо гуфтанд, ки раис нест, номнавис мекунем, пагоҳ биёед. Боз рӯзи шанбе рафтем. Моро муовинаш қабул карда гуфт, ҳамаи гапҳоятонро ба раис мерасонем, тамом”,-афзуд Гулнора Рӯзиева. Вай дар идома гуфт, “духтарамро бояд 13 ноябр аз бемористон ҷавоб диҳанд, аммо вай ба табобат ниёз дорад. Ман пеш дар як қаҳвахона кор мекардам ва дар як рӯз 25 сомонӣ даромад доштам. Ҳоло намедонам, чӣ кор кунам. Агар ба кор бароям, духтарамро кӣ нигоҳубин мекунад? Ин маъюб шудааст.”

Дар ҳамин ҳол, модари Шокир Маҳкамов низ аз амалкарди хонаводаи Амонуллои Ҳукуматулло барои табобати фарзандаш шикоят карда ва гуфт, “каме қарз гирифта писарамро оиладор карда будам. Ҳоло ҳамсараш ҳомиладор аст, қарзҳои тӯяшро наканда боз ба ин садама дучор шуд. Ду ҳафта зиёд мешавад, ки ба аёдати фарзандонамон намеоянд. 12 ноябр бояд Шокирро ҷарроҳӣ кунанд, барои доруҳояш маблағ лозим аст. Аз куҷо пайдо кунем?”
Модари Азиза ва Шокир мегӯянд, “хонаводаи Амонуллои Ҳукуматулло тавонистааст дасти писари худро дар Олмон табобат кунад, фарзандони моро ҳам баранд, табобат кунанд. Агар дар чунин шароит ба мо кумак накунанд, ба куҷое даркор бошад, рафта аз болояшон шикоят мекунем.”

Садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се кушта бар ҷой гузошт. Мақомот дар лаҳзаҳои аввал Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳами ин садама эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.

Бо ин ҳол, ин садамаи маргбор дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор оварад. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, хабари ба Олмон фирор кардани ӯ низ паҳн гардид. Аммо Амонуллои Ҳукуматулло ин ҳамаро иттиҳоми сохтаву бофта номида ва гуфт, расонаҳо дар мавриди садамаи шаби 9 октябр ахбори беасос ва носанҷида нашр мекунанд. Ахиран Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиён низ бо ирсоли номае ба нашрияи “Имрӯз News” гуфтааст, расонаҳо аз рӯи ғараз ба ин қазия обуранги сиёсӣ додаанд.
Мӯҳр
Хукумов аз Худо битарс!золимон камнабуданд,ки боз ту зулм кардести охи ин зарар дидагон рузе мегирад он вакт дер мешавад

а
Савол ба хамин модархо

Духтаронатон дар соати 2 шаб дар клуби шабонаи Опера чи кор мекарданд?

Садобаланд
Айби худатон, аз аввал бояд даъво мекардед. Умедвор будед, ки Хукумов миллион медихад. Акнун даъвоятонро макомот кабул меккарда бошанд?

zik nashaved-yordam karda budaastand jarohida.davomashbam mekunand.arizavu davo foida nadorad ba fikram.duo kuned peshi xudo xudo dardro dod shifoyashro ham metiyad.inho sanjishi xudovand baroi hardu taraf ast.bo ehtiyot boshed.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)