Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:29

23 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ курси вижаи криминалистиро хатм карданд

2 август 2011, 07:05

Сафири ИМА 23 корманди вазорати корҳои дохилӣ, вазорати адлия ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо хатми курси таълимии «Озмоиши криминалистии ҷойи амалҳои террористӣ» табрик намуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз сафорати ин кишвар дар Душанбе иттилоъ доданд, Кен Гросс зимни суханрониаш гуфт, ИМА муносибатҳои феълии худро бо ҳукумати Тоҷикистон тақвият дода, ҳамкориашро идома медиҳад. Гросс афзуд, «Озмоиши криминалистӣ ин пойсутуни тафтишоти ҳар як ҷойи амали террористӣ ва хусусияти муҳими муборизаи ҳукумати Тоҷикистон зидди терроризм мебошад.  Афсарони хати пеши милитсия бояд тафтишоти ҷойи амалро барои боздошт ва таъқиби қонунии шахсони айбдорро бо маҳорати касбӣ иҷро кунанд».

Гуфтанист, курси озмоиши криминалистии ҷойи амали террористӣ соли 2011 ин сеюмин барномаи кӯмакдиҳӣ ба мубориза зидди терроризм (АТА) мебошад, ки аз ҷониби идораи амнияти минтақавии сафорати ИМА маблағгузорӣ шудааст.  Аз соли 2002 беш аз 440 кормандони ҳукумати Тоҷикистон дар фаъолияти омӯзишие ширкат варзиданд, ки аз ҷониби АТА ба ҳисоби беш аз 6 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Барномаҳои омӯзишӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон доир мегарданд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!