Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:14

Лигаи аввал: “Эсхата” ва “Саройкамар” ба даври ниҳоӣ наздиктар шуданд

12 ноябр 2013, 12:56

Нахустин бозиҳои даври ниманиҳоӣ миёни дастаҳои лигаи аввал оид ба футбол баргузор шуд.

Тими “Эсхата”-и Хуҷанд, ғолиби минтақаи Суғд дар майдони худ ғолиби дуюми минтақаи Душанбе – “Куктош+С”-и ноҳияи Рӯдакиро қабул кард. Бозӣ бо ҳисоби 1:0 бар нафъи “Эсхата” анҷом ёфт. Тӯби ягонаро Саидҷон Шарипов, дар дақиқаи панҷум ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари даври 1/2 финалӣ “Саройкамар”-и Панҷ, ки дар минтақаи Душанбе аввалин шуд, бо “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 2:1 дастболо гардид. Ҳисобро дар дақиқаи 4-ум Беҳруз Сангинов боз кард. Баъди чор дақиқа Хуршед Ямаков ҳисобро баробар сохт. Дар дақиқаи 52-юм бошад, Ҷонибек Ғаффоров “Саройкамар”-ро ба пеш бурд.

Бозиҳои ҷавобии даври 1/2 финал рӯзи шанбеи 16 ноябр баргузор мешавад. Ғолибони ин сабқат барои ҷойи аввал ва мағлубон барои ҷои сеюм мубориза мебаранд.

Ду дастаи беҳтарин ба лигаи олии футболи Тоҷикистон барои соли оянда роҳхат мегиранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!