Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:12

КМИР: Омодаем дар додгоҳ ноҳақии Зоировро исбот кунем

12 ноябр 2013, 14:51

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, омодааст, бо Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ, ки интихоботи 6-уми ноябрро баргузорнашуда хонд, вориди баҳси додгоҳӣ шавад.

Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИР, имрӯз, 12-уми ноябр дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” интихоботи 6-уми ноябрро, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ анҷомид, баргузоршуда хонд: “Нозирони байналмилалии САҲА тасдиқ карданд, ки ин хел иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар ҳеч куҷо надидаанд. Нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Асанблеяи Байнипарлумонии Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигарон ба интихобот баҳои мусбат доданд. Ҳатто дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, баҳои мусбат доданд.”

Додоев афзуд, ки агар Зоиров ба Суди Олӣ муроҷиат кунаду додгоҳ онро ба баррасӣ гирад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон омодааст, дар суд бо факту далел бо ӯ посух гӯяд ва ноҳаққии ӯро исбот кунад.

Ин дар ҳолест, ки Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, бо пахши як изҳорот интихоботи 6-уми ноябрро, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ анҷомид, баргузорнашуда эълон намуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Расул

  • 12 ноябр 2013 16:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Додоев, аз идома додани чунин амали ночиз даст кашед ва аз Суди Зориов иштирок кардана рафта барои хона бозори кунед. Холо халки Точикистон побарчо ва мустахкам аст ва иктидор дорад, ки чунин нокомхоро бо хавли дахонаш бартараф кунад.
Зоиров дар зиндаги аз хеч кор рози нест ва нахохад шуд. Рузе мешавад, ки вай аз кормандони роддоми таваллудшудааш домангир хохад шуд.
БЕШАКУ ШУБХА.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Додоев нахондими ки нозирони САА чи гуфтан.гуфтанд ки боре дар ягон давлат мисли шумон барин тарсончаку буздилро надидаем.
Посух додан
  • ali

  • 13 ноябр 2013 09:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Зоиров!1-ум онки гапх,оят дар банди патинкаят намегузарад, худатро азоб мадех,.2-ум онки интихобот тамом шуд дигар ингапх,о фоида надорад.3-умаш суол ! чаро шумо х,амеша аз зиндаги норозиед?......

Бе фоида.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!