Бахшҳо
12 ноя 2013 16:59Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳамовозии Тӯраҷонзода ва Убайдуллоев дар мавриди дискоклубҳо

Сиёвуш Қосимзода

Ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори шаҳри Душанбе дар маҷлиси кории ҳукумати шаҳр аз низоми кории марокизи дилхушии пойтахт ибрози норизоӣ карда гуфт, ки бисёре аз ин дискоклубҳо назми иҷтимоӣ, реҷаи корӣ, беҳдошт ва ободонии пойтахтро риоя намекунанд.

Дискоклубҳо ва ташвиши раиси шаҳр


Ба гуфтаи раиси шаҳр бештари дискоклубҳо таъсири манфие бар шахсияту ахлоқи насли ҷавон мегузоранд ва барои онҳо як сабки зиндагии ғайриахлоқиро ба вуҷуд меоваранд. Ба ин тартиб шаҳрдори Душанбе дастур дод, то дар кутоҳтарин муддат ин масоил рафъ гардад.

Прокуратураи шаҳрӣ барои расидагӣ ба кори дискоклубҳо муваззаф шуд. Шаҳрдори пойтахт ҳамчунин дастури назорат аз болои иҷрои қонуни танзими ҷашну маросимҳоро дод.

Ҳарчанд назорат кардан аз болои дискоклубҳо метавонад дар коҳиши ҷароиму хилофкориҳои ин шабакаҳо муассир бошад, вале коршиносон фаъолияти ингуна марокизро ба фоидаи шаҳрвандони Тоҷикистон намедонанд. Зеро яке аз муҳимтарин сабабҳое, ки мунҷар ба нобудии як миллат мегардад, ин суқути ахлоқии мардуми он аст, ки дар натиҷаи таҳоҷуми фарҳангӣ, тарвиҷи бебандубории ҷинсӣ ва дур шудан аз меъёрҳои ахлоқӣ сурат мегирад. Бадхоҳон агар хоҳанд миллатеро нобуд кунанд, ибтидо ахлоқи он миллатро табоҳ месозанд. Барои ин кор роҳҳои зиёде вуҷуд дорад ва дискотекаҳо ҳам яке аз абзорҳои расидан ба ингуна ҳадафҳост.
Фақат иддае муайян ба дискоклубҳо мераванд

Бояд гуфт, ки пайдоиши дискоклубҳо аз кишварҳои ғарбӣ оғоз гардидааст. Вале ҳоло, ки ба шарқ ҳам роҳ ёфтааст, далел намешавад, ки онро ба оғӯши боз истиқбол ва қабул кард.

Бисёре аз коршиносон дискотекаҳоро омили муҳим дар вайроншавии ахлоқи ҷомеа медонанд. Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ фаъолияти чунин марказҳоро танҳо ба манфиати ҳукумати дунявиямон медонад ва ба зарар доштани онҳо бар рӯи ахлоқу маънавиёти мардуми кишвар таъкид мекунад. Ба гуфтаи ӯ дискотекаҳо ҳеч гоҳ дар ҳеч гӯшаи ҷаҳон, барои баланд рафтани ахлоқу маънавияти мардум хидмат накардааст.

Гуфта мешавад, ки дискотекаҳо бо фарҳангу суннату таърихи кишварамон дар тазод аст ва барои ҳуввияти миллии тоҷикон хатари амиқу азиме дорад, зеро метавонад мардуми моро нисбат ба арзишҳои худ бегона кунад. Зарафо Раҳмонӣ, коршиноси фарҳангӣ, ба далели соҳиби фарҳангу тамаддуни куҳан ва ҳуввияти миллӣ будани миллатамон, дискотекаҳоро зебандаи ин мардум надониста ва онро мухолиф бо суннату фарҳанги тоҷикон арзёбӣ карда мегӯяд: "Таҳоҷуми фарҳанги ғарбӣ бар рӯи фарҳанги мо ончунон нуфузи зиёде кардааст, ки таъсири он ҳамаи иҷтимоу фарҳанги моро дар бар мегирад. Ва имрӯз дискотекаҳо дар мо ба як маркази тарвиҷгари фарҳанги ғарб табдил шудааст, ки он ҷавонони моро ба сӯи фарҳанги бегона мекашад ва дар натиҷаи он ноозмудаҳои мо бефарҳангу беҳуввият мегарданд ва тоҷик будани худро фаромуш мекунанд".

Дар тақвияти ин гуфтаҳо Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода сиёсатмадор ва рӯҳонии саршиноси кишвар мегуяд: "дискотекаҳо маҳалли вайроншавии ахлоқ ва дур шудани одамон аз зикри Худост. Ба таври куллӣ фаъолияти ингуна маконҳо ҷуз фосид кардани ахлоқи мардуми мо, дигар ҳеч суде надорад".

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода муътақид аст, ки чунин маконҳо танҳо барои соҳибонашон суд медиҳанд ва аз онҳо ҳеч фоидае нест, зеро андозе, ки пардохт мекунанд, бисёр ночиз аст ва дида нашудааст, ки андози пардохт кардаи онҳоро дар кори хайре истифода баранд.

Барот Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик ин гуфтаҳоро тақвият бахшида бар ин назар аст, ки агар моликони дискотекаҳо воқеъан ба андозаи даромаде, ки ба даст меоранд андоз биспоранд, ин кам ҳам бошад манфиъати иқтисодӣ меорад: "Мутаассифона аз фоидаи онҳо дида зарарашон бештар аст. Ба хотири онки ахлоқ ва саломатии ҷисмии ҷавононро вайрон мекунад ва пуле, ки барои андоз пардохт мекунанд, арзише надорад, зеро он пул саломатии ҷавонони моро боз гардонда наметавонад. Аз сӯи дигар, дар даруни худи ҳамон дискокулубҳо ҷиноятҳои зиёде содир мешавад, ба монанди тиҷорати маводи мухаддир ва тарвиҷи машруботи алкулие, ки боиси сар задании ҷиноятҳо мегардад".

Коршиносон чунин мешуморанд, ки танҳо афроди хосе ба чунин ҷойҳо мераванд. Ба қавли онҳо ба дискотекаҳо бештар фарзандони мансабдорон мераванд ва онҳо ҳастанд, ки бо ин рафторашон ҷомеаро ба расвоӣ мекашанд. Инҷост, ки радди пои курсинишинон дар ҳимоя аз ин марокиз ошкор мегардад.

Дискоклубҳо сангари хатар

Нӯшидани машруботи алкулии масткунандаву мадҳушкунанда ҳам ба мағзу ҷигару тамоми аъзои бадани инсон муззир аст, ки дар дискакулубҳо чашмае аз дарёи васеъи чунин машруботро ироа медиҳанд.
Ҳануз маълум нест, ки дар ингуна марокиз дигар чи корҳои нобаҳанҷоре анҷом мешавад, зеро соҳибони онҳо барои даромади ҳарчи бештар ҳозиранд ҳамагуна меъёрҳои ахлоқиро зери по гузоранд. Иддае аз коршиносони расмӣ мегӯянд, ки дискокулубҳо муҷиби пешрафти бахши хусусӣ аст, вале дар мавриди аз меъёрҳои ахлоқӣ убур кардани ин маконҳо, бо коршиносони мустақил тавофуқи назар доранд.

Пас вақте марокизи дилхушӣ инқадар зарарҳо дорад, беҳтар аст то баҷои дискоклубҳо тарабхона ё ошхона ташкил гардад, ки на ба бахши хусусӣ зарба мезанад ва на ба ахлоқи ҷомеа. Гузашта аз ин, як хидматрасонии зарур ва касбу кори ҳалоле мебошад.

Мӯҳр
о
Биеед руирост гуем: дискоклубхо маркази фахш хастанд. Чое чамъшавии фохишахо ва клиентхояшон.

Дар хамин шахрамон факат як чизи соз аст дискоклубхо ки мардум мераванд вакти хуш гузарони халос дигар чиз дида намешавад.

Jasur
Наход хамин дискоклуб чои хуб бошад бовар кунед бисёр чои паст аст обруи мардуми мусалмони моро хамин дискоманхо паст кардаги хастанд хеле нафратовар аст масчид запрешено дискотека зелёни светофор ачоиб аст.

изатуллох
Ин дискакулубхо ба мардуми точик ба чуз русиёхи чизи дигаре намеоранд

Гуфтахои ин маколаро кабул дорам ва рост аст, ки бисёр камбудихои кори ин гуна муассисахоро хатман ва очилан ислох кардан зарур аст. Аммо хар кор чанд пахлу дорад, лек макола яктарафа аст. Хуб мебуд, ки чониби дигар хам акидаашро гуяд.о,

Ин Раиси Кумитаи дин ягон конун барои то 18 сола ба дискоклубхоро ба
Мачлиси оли пешниход намекарда бошад ва ё ки худаш кам кам ба дискоклубхо мерафта бошад ,,,,

Хайрхох
Аксари дискоклубхо макони даромади баъзе шахсони беинсоф бар ивази паст рафтани маънавиет, манкурт кардани чавонон, дур ва бегона намудан аз фарханги милли ва бо ин рох халал ворид сохтан ба сохти чамъияти аст.
Чандин маротиба масъалаи мазкур мавриди барраси карор гирифт, вале мутаассифона халли худро наефт.
Умедворем ин дафъа масъалаи мазкур халли мусбии худро пайдо хохад кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)