Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:36

Интиқоди Эштон аз шеваи интихоби президенти Тоҷикистон

12 ноябр 2013, 17:14

Интихоботи президентии Тоҷикистон ба таври мусолиматомез, аммо бо маҳдудияти зиёд барои сабти номи номзадҳо баргузор гардид, ки ин аз адами мавҷудияти чандандешӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ин нуқтаро Кетрин Эштон, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) бо пахши изҳороте баён дошта, афзудааст, ки дар умум бо гузориши нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), Дафтари институти демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ДИДҲИ) шинос гардида, бо эъроду тавсияҳояшон мувофиқ аст. Хонум Эштон изҳори нигаронӣ аз он кардааст, ки тавсияҳои қаблии нозирони САҲА аз натиҷаи баргузории интихоботи парлумонии соли 2010, аз тарафи мақомоти Тоҷикистон татбиқ нашудаанд. Намояндаи олии ИА аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, то тавсияҳои нозирони САҲА-ро ба инобат гирад ва хостори бартараф кардани маҳдудияту норасоиҳои ошкоргардида дар ин интихобот шудааст.

Кетрин Эштон гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврупо омадааст барои амалӣ гардидани тавсияҳои нозирони САҲА ва барои баргузории интихоботи озод, мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллаӣ ба ҳукумати Тоҷикистон кӯмак расонад.

Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро борҳо ба баргузории интихоботи озод, демократӣ, шаффоф ва фарогир даъват карда, аҳамияти озодии расонаҳои хабарӣ ва озодии суханро доимо таъкид мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хусниддин

  • 12 ноябр 2013 19:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хонума, хуб мешуд пеш аз баходихи нахуст лоихахои дар самти озодии баён пиёда намудаи Иттиходи Аврупоро дар Точикистон мавриди тахлилу омузиш карор медодед, баъдан дар мавриди дигар меъёрхои демократи харфи худро ироа мекардед. Хамин дар сукути озодии баёну ба кавле хомуш кардани микрофони озод дар баъзе манотики Точикистон худи САХА даст дорад. Аз барои хамин хам бахои Шумо ва дигар Созмонхои байналмилали ба интихоботи ТОчикистон баходихи ба фаъолияти худи Шумо дар Точикистон хам хаст.
Посух додан
  • masjoh

  • 12 ноябр 2013 20:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ty vatandyst ne balki choplys
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Худо касам ин наммояндахои дину оини дигар аз мусулмонхо мусулмонтаранд ва суханро чунон мулоим мегуянд ки кас фикр мекунаду мегуяд хай чи хеле гап задааст вале дар асл бояд мо чидди кабул кунем ки суханони онхо аз номи поки ва беолоиш аст ва вакте мерасад ки чун корди тез гардани шери чараенро мебурад Барои хамин ба мо зарур аст ки аз хозир ба ислохи хатогихо даст занем Вакт бо мост ва дар гирди сари мо давр дорад ва ин муваккатист лекин малум боз чи кадар бо мост
Посух додан
  • Муслим

  • 12 ноябр 2013 21:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Амин интихобота ай сар гузаронан ба таври шафоф Кабири монад 100% мегузарад
Посух додан
  • Интихобкунанда

  • 13 ноябр 2013 08:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хама медонанд,ки дар Точикистон дар хакикат интихоботи президент ноодилона,ношаффоф ва гайридемократи барпо шудааст, аз он чумла тамоми мардуми точик. Лекин хакикатро факат Иттиходи Аврупо ва ИМА
дар расонахои хабари иттилоъ доданд. Руссхо ва Чин бахри манфиатхои
геополитикии худашон аз ин режими худкома чонибдори кардаанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!