Бахшҳо

“Зидди ПАШША не, зидди МУҲИТи пашшасоз мубориза барем”

Зафари СӮФӢ

Чандест рӯзаи сукут гирифта будам. Албатта, ин рӯза фақат ба навиштаҳои насрии ман дахл дошт. Дар ин миён чанд шеъргунае иншо шуд. Ҳоло, агар таҳрики бархе набуд, шояд муддати рӯзаи сукути ман ҳам чанд рӯз ё чанд моҳи дигар идома мекард.

Ростӣ, дилам ба навиштаҳову нависандаҳо месӯхту месӯзад. Ҳатман ҳар кадоми Шумо ҳикмати "фарёд дар гӯши бод"-ро шунидаед. Вақте навиштаҳоят ҳеч асаре надорад ва баръакс бод бештар садо мекунаду овозатро ношунавотар мегардонад, магар мантиқист, ки боз садо бикунӣ? Бигзарем, ки имрӯз рӯзаи сукут мешиканам ва ҳар чи бодо бод!

Як дӯсти донишманд рӯзе аз ман пурсид, ки медонӣ чаро дар кишварҳои пешрафта пашша нест? Гуфтам: шояд тавонистаанд алайҳаш муборизаи босамар роҳ андозанд. Гуфт: на, онҳо бар зидди пашша не, балки алайҳи муҳити пашшасоз мубориза бурдаанду мебаранд. Чанд рӯз аст, ки ин сӯҳбат дар сарам ҳай мечархаду мечархад. Воқеан, ҳашара, амсоли пашшаву суск (таракан), кайку шабуш, малах ва ҳамчунин мушу каламуш бештар зодаи муҳите ҳастанд, ки ҳашарапарвар бошад. Онҳое, ки синнашон аз бисту панҷ ба болост, ҳатман ёд доранд, ки дар Душанбеи баъд аз ҷанги бародаркушӣ мушу каламуш ва пашша чи қадар зиёд шуда буд. Ҳар касе дар бораи ҳашара маълумоти ибтидоӣ гирифта бошад, медонад, ки ҳашара фақат дар муҳити чирку ганду ифлосӣ пайдо мешаваду рушд мекунад.

Ҳашарашиносон роҳи беҳтарин ва муассиртарини мубориза ва нобуд кардани ҳашараро дар пок кардани муҳит медонанд. Яъне бояд муҳите ба вуҷуд овард, ки барои зиндагии инсонҳои озода созгор ва барои рушди ҳашара носозгор бошад. Ҳоло шояд пеши худ суол бикунед, ки чаро аз ҳашараву ҳашарашиносӣ сухан мегӯям?

Агар аз дидгоҳи ақл бингарем, муҳити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ низ бар мабнои ҳамин қоида ё мантиқ шакл гирифтаву мегирад. Дар ин муҳит ҳам агар таваҷҷӯҳи лозим нашавад мушу каламуш ва пашшаву суску малах пайдо мешавад, рушд мекунад ва ҳатто дар хеле маврид фармонравои пирӯзи ин муҳит мегардад. Аз назари шахсе чун ман, ки бо СУХАН сари кор дорад ва СУХАН яке аз муқаддасоташ маҳсуб мешавад, дар муҳити рӯзноманигорӣ низ барои худ ҷои пой боз кардани ҳашараҳо сахт дардноку риққатовар аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ доранд рӯз аз рӯз ҳашараҳо зиёд мешаванд ва ину онро неш мезананду мегазанд. Агар ҳашара олудаи беморие набошад ба худии худ наметавонад инсонро гирифтор кунад ва ё бикушад.

Аммо барои амалҳои маъмулӣ ва рӯзмараи инсон ҳатман халал мерасонад ва ин ҷост, ки ақл тақозо мекунад то муборизаро алайҳи ин халалрасонҳо оғоз бикунӣ. Бархе муборизаро ба шакли қадимӣ алайҳи ҳашара шурӯъ мекунанд ва шояд муваффақ бишаванд, ки бархе ҳашараи заифро аз муҳит хориҷ намоянд. Аммо амали дуруст ин аст, ки бояд алайҳи муҳити ҳашарасоз мубориза кард. Бояд бипазирем ва аз ин дидгоҳ барномаи амалҳоямонро тарҳрезӣ кунем, ки ҳашара муҳити ифлос ва чиркину бӯгинро мепарастад ва ба ҳеч ваҷҳ намехоҳад муҳит тағйир бикунад.

Тағйири муҳити ҳашарасоз маънои марги ҳашараҳоро дорад. Агар аъмоли ҳашара бар мабнои ақлу мантиқ ҳам набошад, ғаризаи табиии худҳифозат онҳоро водор ба он мекунад бикӯшанд, ки муҳити ҳашарасоз ҳифз шавад.

Ҳеч инсони боақл раво намедорад, ки муҳити атрофаш ҳашарасоз бошад. Агар дар баробари виз-виз ва таку дави ҳашараҳо сукут мекунад, ин нишони ризоият аз он вазъ нест, балки ҳатман дар фикри мубориза аст. Ҳоло чунон ки зикраш рафт, яке бар алайҳи ҳашара мубориза мебараду дигарӣ дар фикри пок кардани муҳити ҳашарасоз мешавад. Дар ин миён муҳимтарин нукта он аст, ки ҳеч гоҳ ҳашара комилан муҳитро дар тасарруфи худ наметавонад дарбиёрад. Бузургии инсон дар он аст, ки соҳиби хирад аст ва хирад бо чирку ганду олудагӣ ҳеч гоҳ созгор набудаву нахоҳад буд.
Мӯҳр
Хабарҳои монанд:
хеле хуб масъалагузори кардаед, бошад, ки расем ба як рузе, ки созгор ба зиндагии беолоиш бошад.

Офарин Зафар Суфи!ин хашаротхоро несту нобуд бояд кард!

Маколаатонро ба як дустам нишон додам, ки бихонад. Баъди хондан у гуфт: Э, инчо фахмо менавистаанд-ку!
Ин дусти ман 10 соли охир аслан ягон рузномаи Точикистонро намехондааст, барномахои телевизиони аз пойтахт пахншавандаро намедидааст. Пурсидам: - Чаро? Гуфт: - Намефахмам, моро дар мактабу хонаву кучаамон забони дигар омузондаанд. Холо забони телевизиони пойтахту рузномахо нимараби, нимфорси ва нимлахчави шудаанд. Мо ба забони Айни, Турсунзода, Толис, Улугзода, Мухаммадчон Шукуров одат кардаем ва мекушидем гап занем. Холо чи.. Барои хамин ман сайтхои русиро мехонам ва бисёрии онхо ошкоро камбудихои дар кишвари мо чойдоштаро нишон медиханд, аз танкид кардан наметарсанд.

Саид
Ба бародар Сарвар.
Аслан забон на форси на араби ва точикиву на шеваи забоне шудааст. Забон забони махлуте сироятшуда аз забони паштуни шудааст, овар кунед паштуни. Чузъиёташро замоне хохад расид ва бо истидлоли зарури дар як маводи илми мунташир хохам кард, танхо ба исми мустаор, зеро махз ана хамин мухиши паштуни мухити пашшазо низ шудааст. Ба таъкид мегуям, ки мухит дигар мухити точики нест, балки мухити точиккуш шудааст. танхо аз Озодагон хохиш ки басо бечуръати дар интишори тавзехот зохир мекунед, намедонам чаро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)