Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:46

ВИДЕО: Мастер Исмайл аз мухлисонаш хост, дар додгоҳ ҳақталошӣ кунанд

13 ноябр 2013, 10:11

Мастер Исмайл (M.One), репсарои тоҷик, аз болои маъмурияти толори консертии "Москва hall" ва муҳофизони он, ба додгоҳи шаҳри Маскав муроҷиат карда, аз мухлисонаш низ хостааст, барои дифои ҳуқуқҳои худ аз ин кори ӯ пайравӣ кунанд.

Мастер Исмайл дар лағви консерташ дар Маскав, ки бегоҳи 10-уми ноябр дар пайи истифодаи гази заҳролуд рух дод, маъмурияти "Москва hall"-ро айбдор мекунад ва 10 миллион рубл ҷуброни зарар мехоҳад.

Мастер Исмайл дар шабакаи иҷтимоии “Вконтакте” дар муроҷиат ба мухлисонаш, ки рӯзи 10-уми ноябр дар толори "Москва hall" будаанд, таъкид мекунад, ки “мо дар якҷоягӣ метавонем ба пойдории ҳуқуқи худ дастёб шавем”.

Ӯ аз зарардидагон даъват намудааст, ки дар давоми се рӯз дар нуқтаи наздиктарини тиббӣ оиди заҳролуд шудани худ маълумотнома гиранд, чун “газ дар хуни инсон то се рӯз боқӣ мемонад”. Бо ин роҳ Мастер Исмайл ният дорад, дар додгоҳ ғалаба ба даст орад.

Консерти Мастер Исмайл, бегоҳи 10-уми ноябр дар Маскав, чанд лаҳза пас аз оғозшавӣ дар пайи истифодаи гази заҳролуд манъ гардид. Худи Мастер Исмайл дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Москва-24” қазияи қатъи консераташро чунин шарҳ додааст:



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!