Бахшҳо
13 ноя 2013 11:13Тоҷикистон / Сиёсат

Таъхири хулосаи додгоҳ дар бораи Тӯраҷонзода, Ошӯро ва се рӯҳонӣ

Додгоҳи вилояти Суғд дар мавриди баҳси миёни Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва се рӯҳонии шимоли кишвар оид ба баргузории рӯзи “Ошӯро” ба натиҷае нарасидааст. Оқои Тӯраҷонзода тобистони соли ҷорӣ аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки даъвои ӯро алайҳи се уламои Суғд ва хабарнигори шабакаии давлатии “ТВ Суғд” рад карда буд, ба додгоҳи ин вилоят шикояти кассатсионӣ бурд.

Интизор мерафт, додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 12 ноябр шикояти кассатсионии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро баррасӣ карда, бо берун шудани додрас аз хонаи машваратӣ ба ин баҳс нуқта гузошта шавад. Вале Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Тӯраҷонзода, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, додрас баъд аз хонаи машваратӣ баромадан, гуфтааст, коллегияи додгоҳии парвандаҳои шаҳрвандӣ ба натиҷае нарасидаанд, чун дар ин бобат ба як санад ниёз доранд. Хонум Воҳидова мегӯяд, ба эҳтимоли қавӣ, ин санаде, ки додрас гуфтааст, ҳамон қарори раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи баргузории рӯзи Ошӯро мебошад. Ин баҳс рӯзи панҷшанбеи 14 ноябр идома хоҳад кард.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси тоҷик, як сол пеш ба додгоҳи Хуҷанд аз болои Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло -- имомхатиби масҷиди Исфара, Ҳоҷӣ Мақсудҷон -- имомхатиби масҷиди Конибодом ва Тоҳир Искандарзода - хабарнигори шабакаи давлатии “ТВ Суғд” ба додгоҳи Хуҷанд шикоят бурда гуфта буд, онҳо моҳи феврал дар барномаи “Сӯҳбати озод”-и телевизиони давлатии Суғд ба ӯву хонаводааш туҳмат задаанд.

Ба гуфтаи ӯ, се рӯҳонӣ дар ин барнома, ки дақиқан дар шабу рӯзи баҳси “Ошӯро” пахш гардида буд, Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хонда, онҳоро ба пуштибонӣ аз манофеи бегонагон низ муттаҳам кардаанд. Аммо Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо радди ин даъво гуфт, баррасии онҳо маълум карда, ки даъвои Тӯраҷонзода дар бораи паст задани шаъну эътибораш аз сӯи се рӯҳонии суғдӣ асос надорад.
Мӯҳр
Мебахшеду Дмулло, хеч бовариам намеояд, ки Шумо ба адолати суди бовар дошта ин корро анчом дода бошед. О Шумо фикр мекунам медонед, ки масъалаи Ошуро-ро хеч шахсият хал карда наметавонад, хатто судяхо дар ассоси конунхои дуняви. Ин масъала масъалаи фикрию вичдонист, ки хар кас бо доштани акли Худованди тарики худогохи мефахмад. Магар инро судя метавонад ба сари одам бор кунад? Чи хеле мегуянд - сафсата (абсурд)! Он чи ки хонаводаи Шуморо гунахгор кардаан, охир дахони мардумро баста намешавад, хайр гуфтад гуфтанд, чи магар кам кас ин акидаро дорост?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)