Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:54

Дар Панҷакент ГАЗ-52 ба ҷарӣ сарозер шудааст

2 август 2011, 09:17

Ду коргари хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Панҷакент бар асари  садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд.


Тавре ба «Озодагон» дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи ГАЗ-5201 Ортиқбой Шукуров, сокини 27-солаи ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент, ҳамзамон, коргари хоҷагиии деҳқонии «О.Муминов» аснои ҳаракат дар ҳудуди заминҳои кишоварзии хоҷагии мазкур аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба ҷарии баландиаш 146 метр чаппа намудааст. Дар натиҷа, ронанда    ва мусофири он сокини 61-солаи хамин мавзеъ, Нуралӣ Сайдалиев аз ҷарохатхои ҷисмонии бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!