Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:25

Дастури Достиев барои таҳқиқи мунсифонаи қатли ду тоҷик дар Челябинск

13 ноябр 2013, 12:26

Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, субҳи имрӯз, 13-уми ноябр, ба масъулони сафорат дастур додааст, ки ҷараёни таҳқиқи куштори ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар вилояти Челябинск пайгирӣ кунанд.

Тибқи иттилои сафорат айни ҳол намояндагони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои тафтишотии Русия қазияи куштори ду шаҳрванди Тоҷикистонро пайгирӣ доранд.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи тафтишотии Русия 12-уми ноябр, аз дарёфти ду ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дар деҳаи Кайгородови ноҳияи Соснови вилояти Челябинск, бо аломатҳои марги маҷбурӣ хабар дод. Ба иттилои ин ниҳод ба иттиҳоми куштор ду сокини маҳаллӣ боздошт шудаанд. Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, як аз боздоштшудагон бо шаҳрвандони кушташудаи Тоҷикистон дар нуқтаи қабули оҳанпора кор мекардааст: “Дар ҳолати мастӣ шаҳрвандони муқимӣ қарор мекунанд, ки як қисми оҳанпораро дузданд, аммо бо тоҷикон рӯбарӯ гардидаанд. Дар натиҷа бо зарби оҳану табар шаҳрвандони Тоҷикистонро кушта, аз ҷои ҳодиса фирор мекунанд.”

Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!