Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

82 фоизи фазои интернетии Тоҷикистонро забони русӣ фаро гирифтааст

13 ноябр 2013, 15:08

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳудуди 80 дарсади сомонаҳои интернетӣ бо забони русӣ пахш мешаванд.

Николай Никифоров,
вазири коммуникатсия ва алоқаи Русия, зимни як ҳамоиш дар Маскав, гуфтааст, забони русӣ дар фазои интернетии ҷаҳонӣ дуюм буда, аксари корбарони интернет аз кишварҳои собиқ шӯравӣ аз ин забон истифода мекунанд.

Тибқи иттилои Оҷонсии иттилоотии Русия забони русӣ на танҳо дар фазои интернетии Русия балки дар фазои интернетии бисёри кишварҳои дигар низ паҳншудатарин мебошад. Тибқи иттилои манбаъ фарогирии забони русӣ дар фазои интернетии Тоҷикистон 81,8 дарсадро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба дигар кишварҳои ҳамсоя баландтар мебошад: “Ҳаҷми фарогирии забони русӣ дар фазои интернетии Узбакистон 79,6 дарсад, Қирғизистон-75,9%, Украина-79%, Тоҷикистон-81,8 дарсад, Қазоқистон-84% ва Белорусия-86,9%-ро ташкил медиҳад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!