Қосим Қосимов вазири кишоварзии Тоҷикистон бо сарвари кулли ширкати «ИнтерАгро»-и вилояти Свердловски Русия мулоқот кард.
Тибқи иттиллои расида, Қосимов дар оғози суҳбат ҳамкориҳои дуҷонибро бо ҷамъияти мазкур дар рушди соҳаи кишоварзӣ мусбӣ арзёби намуда барои дастгирӣ ва ҳамкориҳо ба ширкати давлатии «Урал Пром Сервис», ки ба ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизотҳои махсуси кишоварзӣ, маводҳои баландсифати тухмӣ, нуриҳо ва маводҳои кимиёвӣ ворид менамояд, изҳори миннатдорӣ намуд.
ҶСП «ИнтерАгро» бошад, дар асоси созишномаи миёни вилояти Свердловск ва ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ аз 1-уми феврали соли 2004 дар Тоҷикистон ташкил гардидааст.Ин ширкат бо хоҷагиҳои тухмипарварии ноҳияҳои Панҷ, Кўҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол ва Рашт ҳамкориҳои зич дошта, ҳамзамон даъват ба миён овард, ки вазорати кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ намудани ин муассиса бо Институти боғпарварӣ ва сабзавотпарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мусоидат намояд. {jathumbnail off}
Мӯҳр