Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:15

Бонки Миллӣ тоҷикистониёнро ба ҳушёрӣ даъват намуд

14 ноябр 2013, 09:20

Бонки миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия аз шаҳрвандони кишвар даъват намудааст, ки зимни додугирифти пули миллию асъори хориҷӣ зиракиро аз даст надиҳанд ва аз сохторҳои қарзӣ хостааст, бо таҷҳизоти муосири ифшокунандаи тақаллубкорӣ муҷаҳҳаз бошанд.

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ва кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар замони муосир, дар муомилоти пулии кишвар баъзан метавонад, пулҳои қалбакӣ, хоса асъори хориҷӣ ба миён ояд: “Шахсон ё гурӯҳҳои тақаллубкор, бахусус дар бахши сохтани пулҳои қалбакӣ дар ҳама давру замон вуҷуд доштанд ва бо мақсадҳои гуногуни худ ба ин кор даст мезаданд. Бояд ҳамагон дарк намоем, ки гардиши пулҳои қалбакӣ дар муомилот метавонад ба паст шудани қурби пули миллӣ оварда расонад, ба ҳаёти иҷтимоии ҳар шахс ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишвар зиён оварад. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, пешгирӣ ва мубориза бар зидди тақаллубкории пул натанҳо вазифаи сохторҳои маъмурӣ, балки яке аз вазифаҳои муқаддаси низоми бонкӣ ва ҳатто ҳар як фарди ҷомеа мебошад.”

Бонки миллӣ қайд мекунад, ки дар таърихи Тоҷикистон дар муомилот пайдо шудани пулҳои тақаллубии чӣ миллӣ ва чӣ хориҷӣ хеле кам сабт шудааст: “Бо вуҷуди ин, аз сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоем, ки барои эмин нигоҳ доштани маблағҳои нақдии худ унсурҳои ҳимоявии пули миллиро аз бар кунанд ва ҳангоми доду гирифт пулҳоро бодиққат аз назар гузаронанд.”

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки ҳангоми ошкор шудани пулҳои шубҳанок ба сохторҳои маъмурӣ хабар диҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!