Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:56

"Ҳарчанд кофтем, наёфтем, ки Абдумаликро кӣ задааст" (ВИДЕО)

14 ноябр 2013, 10:44

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, латту кӯби Абдумалик Абдурасулов, як сокини Душанберо ҳангоми даъвати маҷбурӣ барои хизмати ҳарбӣ ё “облава” таҳқиқ намуда, вале то ҳол омилонашро наёфтаанд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ, рӯзи 14 ноябр дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, баъди хабар ёфтан аз латту кӯби Абдумалик, барои ошкор сохтани ин ҳолат ба 4 комиссариати ҳарбии пойтахт муроҷиат намуданд, аммо чизе рӯшан нашуд: «Вақте мо муроҷат кардем, гуфтанд, ки чунин одамро намешиносанд ва ҳеч кас ин хел одамро латту кӯб ҳам накардааст. Шояд он нафарон аз мақомоти дигар ё аз ягон ҷои дигар бошанд. Ҳамон писар дақиқ нагуфтааст, ки комиссариати ҳарбии кадом ноҳия ё ақаллан рақами мошини онҳоро низ нагуфтааст».

Ин дар ҳолест, ки Абдурасул Сатторов, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, падари Абдумалик Абдурасулов қаблан ба «Озодагон» иброз намуда буд, ки рӯзи 24 октябр шаш тан аз кормандони яке аз комиссариати ҳарбии Душанбе, дар наздикии масҷиди маъруф ба “Мехкалон” ҳангоми даъвати маҷбурӣ ё “облава” писарашро шадидан зери зарбу шатта қарор додаанд. Худи Абдумалики Абдурасул, баъд аз латту кӯбаш қайд намуд, дар роҳ ба сӯи маҳалли кораш бо кормандони комиссариати ҳарбӣ рӯбарӯ шуд ва онҳо бидуни шиносоӣ ӯро ба дуздӣ муттаҳам карда, хостаанд, ба микроавтобуси навъи “Старекс” иҷборан савор кунанд.

Вале ҳангоми пурсидани ӯ, ки “Шумо кӣ ҳастеду маро куҷо бурданиед”, шадидан мавриди латту кӯб аз сӯи эшон қарор гирифтааст: «Ҳангоме ки роҳгузарон ва шоҳидони ҳодиса мехостанд, ӯро аз зери шаттаи кормандони комиссариат наҷот диҳанд, онҳо ба роҳгузарон гуфтаанд, ки наздик нашавед, ин ҷавон дузд ҳасту мо ӯро дастгир кардаем».

Ин ҷавони маъюби тоҷик мегӯяд, дар қазияи латту кӯбаш аз сӯи кормандони комиссариат тақрибан 300 доллар ва зиёда аз 200 сомонии ӯ аз ҷайбаш ғайб задааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!